Фурӯшгоҳи "Ашан" (Душанбе)


Фурӯшгоҳи бузурги «Ашан» (Auchan) - дар ш. Душанбе соли 2016 ифтитоҳ ёфтааст.[1]
Моликони фурӯшгоҳи (гипермаркети) "Ашан" - ширкати фаронсавии "Шивер Групп" аст, ки бастаи назоратии саҳмияҳои "Шивер Тоҷикистон"-ро дар ихтиёр дорад. Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва ширкати “Евразия”-и Тоҷикистон низ саҳмдорони ҶСП "Шивер Тоҷикистон" мебошанд.[1]
Дар фурӯшгоҳи (гипермаркети) "Ашан" то 14 ҳазор номгӯи маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо пешниҳод мешавад. Аввалин супермаркети "Би1" (шабакаи савдои чаканаи ширкати "Шивер Тоҷикистон") дар Душанбе соли 2018 боз шуда, ҳоло дар пойтахт 13 супермаркет фаъолият мекунад, ки дар онҳо зиёда аз 5 ҳазор номгӯи маҳсулот ба фурӯш гузошта шудааст. [1]
Роҳбарияти ширкати "Шивер Тоҷикистон", ки фурӯшгоҳи бузурги «Ашан» (Auchan) ва шабакаи супермаркетҳои «Би1»-ро идора мекунад, овозаҳо дар бораи аз бозори Тоҷикистон рафтани сармоягузорони фаронсавиро (дар соли 2025) рад мекунад. Баръакс, онҳо боз кардани фурӯшгоҳи бузурги навро дар Тоҷикистон дар нақша доранд. [1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 4 Моликони фурӯшгоҳи "Ашан" овозаҳои аз Тоҷикистон рафтанашонро рад карданд(тоҷ.). www. asiaplustj. 17 феврали 2025 санҷида шуд.