Футуҳоти Макка

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Футуҳоти макка)

Футуҳоти Макка (яъне забти Макка) 11 январи соли 630 - милодӣ аз тарафи мусулмонон бо сардории Муҳаммад пайғамбар ба амал оварда шудааст. Сабаби лашкаркашии Муҳаммад ба Макка дар он буд, ки қабилаи қурайшиҳо шартномаи сулҳи Худойбияро (шартнома соли 628 ба имзо расидааст) вайрон мекунанд.

Муҳаммад 10 ҳазор лашкар ҷамъ намуда ба Макка равон шуд. Сардорони қабилаи қурайшиҳо Абӯсуфëн, Ҳаким ва Будайл ба назди Муҳаммад омада исломро  қабул намуданд. 
Мусулмонон бо сардории Холид ибни Волид вориди шаҳр шуданд. Байни онҳо ва ва як гурӯҳчаи қурайшиҳо бо сардории Икрим ибни Абӯҷаҳл задухӯрде ба амал омад. Дар натиҷа мусулмонон ғалаба карданд. 
Баъди забти Макка Муҳаммад бутҳоро нобуд кард. Маккаро ба макони парастиши худои яккаву ягона Оллоҳ табдил дод