Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Хавиер Мендес

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хавиер Мендес
Маълумоти умумӣ
Шаҳрвандӣ  Мексика
 ИМА
Таърихи таваллуд 18 сентябри 1970(1970-09-18) (56 сол)
Зодгоҳ
Услуб кикбоксинг
 Парвандаҳо дар Викианбор

Хавиер Мендес (таваллуд 18 сентябри 1970, Мексика) — мураббии муҳорибаи омехта (MMA) ва муассиси MMA Gym (Академияи кикбоксинги Амрико). Собиқ қаҳрамони кикбоксинги ҷаҳони ISKA. Маъруфияти бештари ӯ дар омода ва тамрин додани варзишгарони маъруфе чун Даниел Кормие, Кейн Веласкес, Люк Рокҳолд, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Ислом Махачев, Умар Нурмуҳаммадов, Усмон Нурмуҳаммадов ва дигарон аст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хавиер Мендес дар Мексика таваллуд шуда, дар синни 6-солагӣ бо оилааш ба Иёлоти муттаҳида кӯч бастанд. Ӯ дар Сан-Хосе ба воя расидааст. Падараш қисми бештари даромади худро барои машрубот ва қимор сарф мекард ва ба Мендес мегуфтааст, ки ҳеч гоҳ ба чизе ноил нахоҳад шуд, ки ин ба Мендес барои муваффақ шудан ангеза дод. Мисли аксари ҳамсолони насли худ, Мендес Брюс Лиро улгуи худ қарор додааст. Мендес соли 1978 ба омӯзиши муҳорибаҳои омехта шурӯъ карда, фанни Танг Су Доро омӯхт.