Хазинаи адабиёт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Хазинаи адабиёт - як ҷузъи муҳимми иттиҳодияи нависандагон аз ҷумла Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ҳамсолу ҳамрадифи дойимии конуни ягонаи адабии суханварони тоҷик будааст. Дар Анҷумани якуми суханварони Тоҷикистон нависандаи зиндаёд Алӣ Хуш (1912-1942) нахустин раиси хазинаи адабиёт интихоб шудааст.

Мақсади хазина, асосан, расонидани ёрии моддӣ ба адибону аҳли хонадонашон ва дастгирии собиқадорону ононе будааст, ки дар ҷое кор намекунанд, ва, хушбахтона, рисолати таърихии худро сазоворона амалӣ гардондааст.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 9 ISBN 978-99947-2-379-9