Хайрулло Амонулло
Хайрулло Амонулло | |
|---|---|
| Хайрулло Амонулло | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 10 августи 1967 (59 сол) |
| Зодгоҳ | ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Шаҳрвандӣ |
|
| Навъи фаъолият | сиёсатмадор |
| Таҳсилот | Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Унвонҳои илмӣ | профессор |
| Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон | |
| Ҷоизаҳо | |
Хайрулло Амонулло (Хайрулло Амонулло; тав. 10 августи соли 1967, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, олим,адиб, арбоби давлатӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати даъвати V ва VI.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хайрулло Амонулло Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур)-ро бо ихтисоси инженер-механик ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
- солҳои 1986-1988 – аскари қатории Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ;
- солҳои 1992-1993 – таъмиргари техникаи хоҷагии кишоварзӣ;
- солҳои 1993-1998 – мутахассиси пешбари шуъба, сармеханик ва муовини саринженери Заводи ба номи Орҷоникидзеи шаҳри Душанбе;
- солҳои 1998-2000 – саринженери Заводи ба номи Орҷоникидзе;
- солҳои 2000-2006 – директори Заводи ба номи Орҷоникидзе;
- солҳои 2006-2010 – муовини сардори Департамент ва сардори Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химияи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- солҳои 2010-2014 – муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- солҳои 2014-2015 – муовини раиси вилояти Суғд;
- солҳои 2015-2019 – раиси шаҳри Кӯлоб;
- солҳои 2019-2020 – муовини якуми раиси вилояти Хатлон;
- солҳои 2015-2020 – узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати V) буд;
- аз 02.03.2020 то 01.03.2025 – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.[1]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Хайрулло Амонулло соҳиби унвони доктори илмҳои техникӣ (КОА Федератсияи Россия) буда, муаллифи беш аз 60 мақолаҳои илмӣ ва инчунин китобҳои «Васлнома», «Қатраи ашки ғарибе», «Назокат», «Қасоси мори ошиқ», «Печутоби зиндагӣ», «Фоҷиаи ишқ», «Орзуи кӯдакӣ», «Дузд», «Муқаддас», «Шамоли тақдир», «Ашки ҳасрат», «Эҳ… дунё, дунё…», «Муҳофизи Ватан», «Адиби шӯҳратёр», «Ҳамааш мегузарад... », «Адибе аз Офтоблиқо» ва «Шикор» мебошад.[2]
Мукофот
[вироиш | вироиши манбаъ]- медали «Хидмати шоиста».
- медали ҷашнии “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
- медали “Барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ”.
- нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”
- Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.[3]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Хайрулло Амонулло(тоҷ.). www.parlament.tj. 23 феврали 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 май 2023.
- ↑ Хайрулло Амонулло(тоҷ.). www.parlament.tj. 26 марти 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 май 2023.
- ↑ Хайрулло Амонулло(тоҷ.). www.parlament.tj. 26 марти 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 май 2023.
- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Зодагони 10 август
- Зодагони соли 1967
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ҶШС Тоҷикистон
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Дорандагони медали «Хидмати шоиста»
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI
- Олимони Тоҷикистон
- Техникашиносони Тоҷикистон
- Олимони асри XX
- Олимони асри XXI