Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Халиҷи Ботник

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Халиҷи Ботник
Нигора
Дарёҷой барои Dalälven[d], Öre River[d], Ljungan[d], Ljusnan[d], Gideälven[d], Lappfjärd river[d], Idbyån[d], Tavelån[d], Siiponjoki[d] ва Ume älv[d]
Кишвар
Жарфои амудӣ 295 м
Тасвири нақшаи мавқеият
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ботник (финӣ: Pohjanlahti, швед. Bottniska viken, рус. арх. Каяно-море[1]) — халиҷ дар қисми шимолии баҳри Балтика, байни Шветсия ва Финляндия.

Дарозиаш 668 км, бараш то 240 км, ма­­соҳаташ 117000 км², умқаш дар шимол 110 м, дар ҷануб то 290 м. Ботник ба ду қисм ҷудо мешавад: шимол – Боттенвик (ха­лиҷи Ботник) ва ҷануб – Боттенхав (баҳри Ботник), ки ба воситаи гулугоҳи Норра-Кваркен бо ҳам пайванданд. Бо баҳри Балтика ба воситаи гулугоҳи Сёдра-Кваркени байни ҷазираҳои Аланд ва соҳили Шветсия пайваст аст. Аз ноябр то июн ях мебандад. Ҳарорати об дар тирамоҳу зимистон 0°С, то­бис­­тон то 13°С. Бандарҳои асосиаш: Васа, Оулу (Улеаборг), Пори (Финляндия), Лулео Умео (Шветсия).