Хати овозӣ (фонография)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Хатти овозӣ (фонография) – ин намуди хат ҳарфҳояш овозҳо ё фонемаҳои ҷудогонаи нутқро ифода мекунанд (хаттҳои финиқӣ, юнонӣ, лотинӣ, русӣ, арабӣ ва ғайра). Системаҳои ҳарфии овозӣ ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд:

  1. Овози ҳамсадоӣ (финиқӣ, угаритӣ, ибронӣ, оромӣ, арабӣ ва ғайра), ки дар онҳо аломатҳои асосии хатти (ҳарфҳо) танҳо овозҳои ҳамсадоро ифода мекунанд.
  2. Садоии овозӣ (юнонӣ, лотинӣ, русӣ ва ғайра), ки аломатҳои хатти онҳо овозҳои ҳамсадо ва садонокро баробар ифода мекунанд.

Ҳамаи хатҳои ҳарфии овозӣ ва хатти финиқи ибтидо гирифта ба ду самти асоси густариш ёфтаанд. Дар Шарқ аз хатти финиқӣ хатти оромӣ пайдо шуд, ки қариб ҳамаи хатҳои ҳарфии овозӣ ва баъзе системаҳои ҳиҷоии Осиё аз он сар задаанд (аз ҷумла хатҳои паҳлавӣ, суғдӣ, монавӣ, авесто, хоразмӣ, портӣ ва ғайра). Дар Ғарб (Аврупо) аз хатnи финиқи хатти юнонӣ ба вуҷуд омад, ки асоси ҳамаи системаи хатҳои аврупоён гардид. Системаҳои шарқи хатти то андозае усули ҳамсадоии финиқиро нигоҳ доштанд. Дар Ғарб бошад ҳамаи системаҳои хатти бо роҳи вокалии овозӣ пеш рафтанд.

Нигаред[вироиш]

Хат

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.

Адабиёт[вироиш]