Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Хатти Дюранд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хатти Дюранд байни Афғонистон ва Покистон

Хатти Дюранд ( англ. Durand Line ; пашту: د ډیورنډ کرښه‎ ; урду: ڈیورنڈ لائن ; дарӣ: خط دیورند ) — сарҳади қариб номуайяншудаи 2670 километрии байни Афғонистон ва Покистон . Он дар ғарб аз сарҳади Эрон ва дар шарқ бо Чин сар мешавад.

Хатти Дюранд дар натиҷаи се ҷанги Англия ва Афғонистон ба вуҷуд омадааст, ки дар он Бритониёи Кабир кӯшиши васеъ кардан Ҳиндустони Бритониё ро дошт. Ин марзи давлатӣ натиҷаи гуфтушунид дар соли 1893 байни Амири Афғонистон Абдураҳмонхон ва котиби маъмурияти мустамликавии ҳиндустон ҷаноб Мортимером Дюраном[en].

Тадқиқоти муштараки демаркатсияи Бритониё ва Афғонистон аз соли 1894 гузаронида шуда буд, ки тақрибан 1300 километр марзи давлатӣро фаро гирифт. Ин аломатгузорӣ дар поёни "Бозии бузург"-и Русия ва Бритониё муқаррар шуда буд, ки ин марзи давлатӣ Афғонистонро ҳамчун як минтақаи бетараф миёни манофеи Бритониёи Кабир ва Империяи Русия дар минтақа муайян кард. Хатти Дюранд, ки аз ҷониби Аҳдномаи Англия ва Афғонистон дар соли 1919 каме тағир дода шудааст, ва ба Покистон дар соли 1947 пас аз истиқлолияташ мерос монда шуда буд.

Ҳарчанд он марзи давлатӣ ғарбии Покистон аст, аммо ҳукумати Афғонистон аз эътирофи ин марз худдорӣ мекунад. Ба ин тартиб, дар соли 2017, дар ҳоле, ки дар шароити гуфтушунидҳои дуҷониба, Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури вақти Афғонистон изҳор дошт, ки кишвараш ҳеҷ гоҳ хатти Дюрандро ҳамчун марзи байнидавлатӣ қабул нахоҳад кард.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]