Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Хилофати Қуртуба

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хилофати Қуртуба
Таърихи таъсис 929
Иштирокдори Siege of Madrid[d]
Симмати мудирияти созмон caliph of Córdoba[d]
Қитъа Аврупо
Пойтахт Қуртуба[d]
Мавқеият Андалус
Фармонраво caliph of Córdoba[d]
Доранда Умавиён
Пас аз Иморати Қуртуба
Иваз шуд ба taifa (first period)[d] ва Taifa of Silves[d]
Таърихи фурӯпошӣ 1031
Тасвири нақшаи мавқеият
 Парвандаҳо дар Викианбор

Хилофати Қуртуба (то соли 929 — иморат; ар. خليفة قرطبة‎) — давлати исломии арабии асримиёнагӣ, ки дар шибҳиҷазираи Иберӣ, дар сарзамини давлатҳои имрӯзаи Испания ва Португалия қарор дошт (929—1031). Пойтахти хилофат яке аз қадимтарин ва сарватмандтарин шаҳрҳои Испания — Қуртуба буд.

Пас аз соли 1031 хилофат ба чандин иморатҳои пароканда тақсим шуд[1], ки муҳимтарини онҳо Иморати Ғарнота — як давлати исломӣ буд, ки то замони анҷоми Реконкиста дар соли 1492 вуҷуд дошт ва дар он сол аз ҷониби Кастилия забт карда шуд.

Дар соли 139 ҳ.қ. фарде аз хонадони Банӣ Умайя ба номи Абдурраҳмони I бо кумаки ҳаводоронаш дар Андалус ва шикаст додани устондори пешини Андалус Юсуф ибни Абдурраҳмон ал-Фиҳрӣ ба ҳукумат мерасад ва ҳукумати мустақили умавиёнро дар Андалус таъсис мекунад[2]. Дар даврони авҷи он дар замони Абдурраҳмони III онҳо худро халифа хонданд[3]. Дар воқеъ, хилофати Қуртуба нахустин ниҳоди сиёсии мустақил аз хилофати исломӣ буд. Аз он ҷое ки хулафои аббосӣ масъули куштори тақрибан ҳамаи афроди хонаводаи умавӣ буданд, масъалаи ба расмият шинохтани халифа аз тарафи Абдурраҳмон ба ҳеч ваҷҳ матраҳ набуд.

Авҷи хилофати умавии Андалус

[вироиш | вироиши манбаъ]

Даврони авҷи ҳукумати умавии Андалус дар замониАбдурраҳмони III ва Ҳаками II буд. Абдурраҳмони III бо пирӯзӣ бар мушкилоти ҳуккоми мухолиф қудрати умавиёни Андалусро ба авҷ расонид.

Бартарӣ бар масеҳиёни шимол

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин солҳо аз назари муваффақиятҳои бисёре, ки дар муқобили ҳукуматҳои масеҳии шимол, яъне Леон ва Наварра, ба даст омад, низ арзишманд буд. Иқтидор ва бартарии Абдурраҳмон ва ахлофи ӯро подшоҳи Леон ва маликаи Наварра ва конти Барселон ба расмият шинохтанд ва ин шиносоии умавӣ фақат зоҳирӣ ва ташрифотӣ набуд, балки ҳамроҳ буд бо пардохти хироҷ ва боҷи солона, ки адами пардохти он мунҷар ба ҳамла ва ҳуҷуми танбеҳӣ мешуд. Бадин тартиб, иқтидор ва назорати муслимин бар шибҳиҷазираи Иберӣ дар ин замон то поёни қарн беш аз ҳар замони дигаре қабл ва баъд аз он буд[3].

  1. Chejne, Anwar G. Muslim Spain: Its History and Culture. — Minneapolis: The University of Minnesota Press, 1974. — ISBN 0816606889.
  2. Barton, Simon. A History of Spain. — New York: Palgrave MacMillan, 2004. — ISBN 0333632575.
  3. 3.0 3.1 عنان، محمدعبدالله. تاریخ دولت اسلامی در آندلس. تهران: انتشارات کیهان. صص. ص۴۵۷.