Хурдалон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Хирдалан)
Шаҳр
Хурдалон
озарбойҷонӣ: Xırdalan
40°26′55″ с. ш. 49°45′23″ в. д.HGЯO
Кишвар Озарбойҷон
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 47 км²
Баландии марказ 50 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+4
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Забони расмӣ озарбойҷонӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 12
Нишонаи почта AZ0100
absheron-ih.gov.az/…(озарб.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Хурдалон дар харитаи
Хурдалон
Хурдалон
 Парвандаҳо дар Викианбор

Хурдалон (озарбойҷонӣ: Xırdalan) — шаҳр дар Озарбойҷон, маркази маъмурии ноҳияи Обшӯрони кишвар. Шаҳр дар қисми ғарбии нимҷазираи Обшӯрон, 5 километр дар шимолу ғарби Боку ҷойгир аст .

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Хурдалон дар ибтидои асри XX ҳамчун деҳа ба вуҷуд омадааст. Соли 1936 он мақоми шаҳраки навъи шаҳрӣ ва сипас маркази ноҳияи Обшӯрони ҶШС Озарбойҷонро гирифт [2] .

Пас аз гирифтани мақоми шаҳр, Хурдалон шаҳри тобеи ноҳия мебошад. 2 октябри соли 2006 Маҷлиси Миллии Озарбойҷон дар бораи ба Ҳирдалан додани мақоми шаҳр қарор қабул кард ва 30 ноябр Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар бораи татбиқи қонун "Дар бораи ба шаҳраки Хурдалон дар ноҳияи Обшӯрон додани мақоми шаҳр " қарор кард [3] .

Ҷуғрофия[вироиш | вироиши манбаъ]

Хурдалон дар харитаи нимҷазираи Обшӯрон

Шаҳри Хурдалон дар қисми ғарбии нимҷазираи Обшӯрон, қисми ҷануби обанбори Ҷейранбатан, дар байни шаҳрҳои Боку ва Сумгаит, дар баландии 71 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Масофа то пойтахти Озарбойҷон 5 км аст. Фаъолияти сейсмикии минтақа аз рӯи ҷадвали Рихтер 8 баллро ташкил медиҳад. [4]

Иқлим[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ин минтақа иқлими гарми нимбиёбон ва хушки даштӣ бартарӣ дорад. Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво 13,1 дараҷа, ҳарорати миёнаи моҳона 24,6 ва ҳадди аққал 2,4 дараҷа аст. Намии ҳаво 76 %, бориши солона 163 мм. Самтҳои асосии бодҳо инҳоянд: шимол, шимол-ғарб, ҷануб ва ҷануб-ғарб. Суръати миёнаи бод дар як сония 6,8 метрро ташкил медиҳад. [5]

Топоним[вироиш | вироиши манбаъ]

Топоними калимаи «Хурдалон» дорои якчанд маъноҳо мебошад. Маънои пайдоиши номи маҳалро аз мавҷудияити заминҳо зиёди кишти зироат мегӯянд (заб.озарб. «хырлар»).

Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Тибқи омори соли 2014, дар шаҳр 95200 нафар зиндагӣ мекарданд [6] [7] .

Шахсиятҳои маъруф[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Наби Хазрӣ - Шоири халқии Озарбойҷон.
  • Зиёд Алиев қаҳрамони ҷаҳон оид ба гуштии озод .
  • Магомедҳусейн Адигезалов - яке аз аввалин пармачиёни нафти Озарбойҷон, раиси Шӯрои вакилони халқи Хирдалон (1918), узви Ҳизби сотсиал-демократии "Гуммет" (аз соли 1906), раиси Шӯрои инқилобии Хурдалон (1920-1921), раиси Кумитаи иҷроияи Бинагадӣ (1921)), Шевалери ордени Байраки Сурхи Меҳнат (1928). [8]
  • Абдулраҳмон Мамедҳусейн оғли Адигезалов - муҳандиси шоиста, муовини якуми вазири саноати масолеҳи сохтмонии ҶШС Озарбойҷон (1950-1957), сардори канали обии Боку-Шоллар, саринженери Шӯрои саноати халқии назди КМ ПК Ҳизби ҶШС Озарбойҷон (1958). [9]
  • Агахусейн Ҷавадов актёри театр ва кино, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Озарбойҷон. [10]
  • Атабаба Ҳоҷибобоев - мунаққиди театр, нависанда, публисисти озарбойҷон, яке аз ҳаммуаллифони Энсиклопедияи Советии Озарбойҷон, роҳбари бадеии Иттифоқи ходимони театрҳои ҶШС Озарбойҷон (1981-1987), Корманди шоистаи маданияти Ҷумҳурии Озарбойҷон. [11]

Ҷозибаҳои гардишгарӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мактаби шоҳмот (2014)
  • Осорхонаи ба номи Ҳайдар Алиев
  • Боғи ба номи Ҳайдар Алиев
  • Мактаби мусиқӣ (2014) [12]

Нигористон[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. http://pop-stat.mashke.org/azerbaijan-cities.htm
  2. Азербайджанская ССР. Административно-территориальное деление на 1 января 1977 года. Четвертое издание. Б., Азернешр, 1979.(пайванди дастнорас — таърих). 8 май 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 ноябри 2018.
  3. Хырдалан стал городом(рус.), Day.Az (01 Декабря 2006).
  4. Xırdalan şəhərinin baş planının əsas texniki - iqtisadi göstəriciləri (Pasportu) Бойгонӣ шудааст 27 августи 2014  сол.(озарб.)
  5. Xırdalan şəhərinin baş planının əsas texniki - iqtisadi göstəriciləri (Pasportu) Бойгонӣ шудааст 27 августи 2014  сол.(озарб.)
  6. Города и посёлки Азербайджана
  7. Этнографическая карта Бакинской губернии. 1886 год
  8. Məmmədhəsən Adıgözəlov – yüksək ixtisaslı ilk neft buruq ustularından biri. Бойгонӣ шудааст 6 августи 2014  сол.(озарб.)
  9. Bakı-Şollar su kəmərinə rəhbərlik etmiş şəxs(озарб.)
  10. Mədəniyyət gündəliyi - elektron xronoqraf Бойгонӣ шудааст 29 ноябри 2014  сол.(озарб.)
  11. Hacıbabayev Atababa(озарб.)
  12. Azərbaycan prezidenti Xırdalanda musiqi məktəbinin açılışında iştirak edib(озарб.)