Ходими шоистаи маданияти РСС Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ходими шоистаи маданияти РСС Тоҷикистон – унвони фахрӣ ки онро Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 1964 "Коркуни хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон" таъсис кардааст.

Таърих[вироиш]

Ин унвон ба коркунони хонаҳои маданият, клубҳо, боғҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо, хонаҳои эъчодиёти халқ, ҷамъияти «Дониш», кинотеатрҳо, нашриётҳо, полиграфия, савдои китоб, матбуот, кинематография, идораҳо оид ба филмпаҳнкунӣ ва идоракунии муассисаҳои маданият, радиошунавонӣ ва телевизион дода мешавад, ки дар ин идораҳо на камаш аз 15 сол кор карда дар соҳаи инкишофи маданият (фарҳанг) хизмати калон карда бошанд. Инчунин ин унвон ба иштироккунандагони беҳтарини ҳаваскорони санъат, ки дар кори муассисаҳои номбаршуда ва муассисаҳои маданият (фарҳанг) иштирок карда бошанд. Ба касоне, ки сазовори ин унвон мешаванд, нишони сарисинагӣ дода мешавад. Мувофиқи укази Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (аз 6 январи соли 1989) бо ҷойи номи «Коркуни хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон» ба «Ходими шоистаи маданияти РСС Тоҷикистон» иваз гардид.

Манобеъ[вироиш]

Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик Ҷилди 2. – Душанбе, 2004, с.62.