Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Хокии Дарвозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хокии Дарвозӣ

Хокӣ (қарни XIX — қарни XX) — шоири тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш деҳаи Кеврони Дарвоз. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли Xокӣ равшан нест. Аз осори ӯ тақрибан 100 байт ғазал, рубоӣ ва абёти пароканда тавассути баёзҳо (махсусан баёзҳои тартибдодаи Юлдошбии Доии Бухорӣ ва шоири муосири Хокӣ — Ноҷӣ, ки дар Ганҷинаи дастнависҳои АИ Тоҷикистон зери рақами 819 маҳфузанд) дастрас гардидааст. Ин банди мухаммас намунае аз ашъори ӯст:

Аз ҳаҷри ту хуни дилам аз дида чакида,
Ин қомати афсурда аз ҷаври ту хамида,
Савдозадаи ишқи туам дардкашида.
Эй ҳамчу парӣ аз мани девона рамида,
Сад бор маро дидаву гӯё, ки надида…

  • Хокӣ / А. Ҳабибов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).