Хокӣ
Хокӣ | |
|---|---|
| | |
| HEX | #C3B091 |
| RGB1 (r, g, b) | (195, 176, 145) |
| CMYK (c, m, y, k) | (0, 10, 26, 24) |
| HSV2 (h, s, v) | (37°, 26%, 76%) |
|
1. Нормализатсия ба диапазони [0–255] (байт) 2. Нормализатсия ба диапазони [0—100] (байт) | |
Хокӣ як ранги қаҳваранги равшани зардчатоб аст.
Ранги хокиро дар бисёр артишҳои ҷаҳон барои либоси сарбозон ва таҷҳизот истифода мебаранд. Ин ранг махсусан дар минтақаҳои хушк ва биёбонӣ барои камуфляж (пинҳоншавӣ) мувофиқ аст.
Решаи ном
[вироиш | вироиши манбаъ]Хокӣ аз калимаи форсии хок ва пасванди -ӣ гирифта шудааст. Ин калима ба забони ҳиндустонӣ (खाकी) даромада, аз он ба забони англисӣ ва баъдан ба забонҳои дигар паҳн шудааст. Сабаби ба забони англисӣ ворид шудани ин калима истифодаи он дар Нерӯҳои мусаллаҳи Британияи Кабир дар Ҳиндустон буд.[1][2]
Пайдоиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Ранги хокӣ соли 1848, дар Ҳиндустон барои либоси сарбозони ба кор мебурданд. Пеш аз ин, сарбозон либосҳои маҳаллӣ ва аксаран сафед мепӯшиданд. Баъдтар ранги хокӣ дар дигар қисми Артиши Бритониё ва нерӯҳои ҳиндӣ низ паҳн шуд.
Матои хокӣ одатан аз пахта тайёр мешуд. То охири асри XIX он ба ранги маъмули либоси саҳроии Артиши Бритониё табдил ёфт.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Dictionary Meaning: Khaki; TheFreeDictionary; Free Online Dictionary, Thesaurus, and Encyclopedia
- ↑ St. Clair, Kassia (2016). The Secret Lives of Colour. London: John Murray. pp. 240–241. ISBN 9781473630819. OCLC 936144129.