Jump to content

Холиқ Бобоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Холиқ Бобоев
Таърихи таваллуд 1876
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1909(1909)
Кишвар
Пеша бозигарӣ

Холиқ Бобоев (1876, деҳаи Дараи Ҳабаши ноҳияи Муъминобод — 1909, ҳамон ҷо) — ширинкор ва масхарабози тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин ҳунарро аз масхарабози касбӣ Набии Даштиҷумӣ омӯхта, дар 19-20-солагиаш ҳамчун масхарабоз шуҳрат ёфтааст. Ӯ аслан ба деҳқонӣ шуғл варзида, латифа, афсона, нақлу ривоят, зарбулмасал ва рубоиҳои халқии бисёре медонист. Бобоев драмаҳои халқии «Бобопирак», «Хирсбозӣ», «Раис», «Бофандагӣ», «Осиёб», «Ҷувоз» ва ғ-ро дар тӯю маъракаҳои халқӣ иҷро намуда, камбуду нуқсонҳои зиндагиро зери танқид мегирифт, бо ҳаҷви тезутунд ва нишонрас онҳоро фош мекард. Ӯ аз имкониятҳои театри халқӣ, хусусан санъати ҳаҷву мублиға фаровон истифода мебурд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]