Хонақоҳ (ҷамъомади дарвешон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Хонақоҳ (ҷамъомади дарвешон) - зовийа, такя, работ, маҳалли ҷамъомади дарвешон ва соликони роҳи тариқат, ки таҳти иршоди пир роҳу усули маърифати ирфониро меомӯзанд.

Дар ибтидои пайдоиши тасаввуф дарвешон бештар вайронаҳоро гӯшаи узлат интихоб мекарданд. Баъдтар теъдоди онҳо зиёд шуда, дар Хонақоҳ гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ мешуданд. Бино ба ақидаи муаллифи «Тароиқ –ул -ҳақоиқ» Муҳаммад Маъсуми Шерозӣ аввалин Хонақоҳро барои сӯфиён дар Ромлу ном маҳалли шаҳри Шом бино карда буданд. Бештари Хонақоҳҳо аз назру ҳадя ва садақаи накӯкорон сохта мешуданд ва ба ҳар яки он шайх ё муршиде сардорӣ мекард. Давраи риёзати солик дар Хонақоҳ ба истеъдод ва тарзи таълими шайх вобаста буд. Дарвешон дар Хонақоҳ мароҳили сулукро тай менамуданд. Баъд мурид аз шайхи Хонақоҳ иҷозат ба иршоди дигарон гирифта, Хонақоҳро тарк мекард ва дар шаҳри дигар Хонақоҳ и тозае ҳамчун як шуъбаи Хонақоҳ и шайхи худ таъсис менамуд. Ҳамин тавр чандин Хонақоҳҳо дар шаҳрҳои мухталифи Шарқи Миёна ва Наздик ба вуҷуд омаданд. Сайёҳи араб Ибни Батута зимни шарҳи сафарҳояш ба мамлакатҳои Шарқ Хонақоҳ ва работро маҳалли ташвиқу тарғиби афкори ирфонӣ номидааст. Мувофиқи расму одати тасаввуфӣ муршидони ҳамаи Хонақоҳ ҳо ба шайхи Хонақоҳи нахустин тобеъ буда, пайравони тариқати ӯ ба шумор мерафтанд ва халифаи Хонақоҳи нахустин ба ҳамаи тобеони худ ҳукми раво дошт. Гоҳо дар байни шайхони Хонақоҳҳои як тариқати муайяни сӯфия ихтилофе ба вуҷуд меомад, ки боиси пайдоиши ду силсилаи алоҳидаи як тариқат мегардид. Масалан, силсилаи нурбахшияю заҳабия ҳамин хел ба вуҷуд омада буданд. Бино ба ақидаи аксари муҳаққиқони тасаввуф сӯфиёне, ки дар Хонақоҳ - тарбият мегирифтанд, чаҳор мартабаро бояд аз сар гузаронанд. Мартабаи аввалро мубтадӣ (омӯзиши риёзат), дуюмро мутадарриҷ (ром кардани нафс), сеюмро шайхӣ (идораи Хонақоҳ) ва чаҳорумро қутб (пири машоих) меноманд. Робитаи шайхони Хонақоҳҳо як навъ хешовандию бародарии сӯфиёнро падид овард, ки он аз Хуросону Мовароуннаҳр сар карда то Сурияю Искандария интишор ёфта буд. Хонақоҳ дар замони дини зардуштӣ низ мавҷуд будааст. Аз рӯйи маълумоти таърихӣ ёдгории Масҷиди Сангини Мамнугоҳи таърихӣ–меъмории Ҳисор дайри дини зардуштӣ буда, баъди қабули дини мубини ислом дар дохили он меҳроб сохта ба масҷид табдил додаанд.

Номи деҳаи Хонақоҳи Ҷамоати Хонақои кӯҳӣ низ ба вожаи Хонақоҳ иртиботи таърихӣ дорад.[1]

Адабиёт[вироиш]

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 594