Хори каррок

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Хори каррок
Silybum marianum 0001.JPG
Таснифоти илмӣ
Номи илмии байналмилалӣ

Silybum marianum (L.) Gaertn.

Хори каррок, алохор, бозовард, бодовард[1], кукухорак (лот. Sílybum mariánum) — гиёҳест аз оилаи мураккабгулҳо.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ[вироиш]

Пояаш рост, одатан бешоха; 60—160 см қад мекашад. Баргаш калони хордор рахҳои сафед дорад. Хӯшагулаш «сабадак»-и калон, дар нуги поя ҷой гирифтааст; гулаш майда, найчашакли арғувонист. Донаш зардтоб, ҷилодор. Одатан моҳҳои май — июн гул мекунад, август—сентябр тухм мебандад.

Густариш[вироиш]

Xорри каррок чун алафи бегона дар бисёр мавзеъҳои Тоҷикистон (алалхусус қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз ва ғ.), бештар дар канори роҳҳо, назди иқоматгоҳҳо, замини партов, боғу киштзор ва ғайра нумӯ меёбад;

Хосияти шифоӣ[вироиш]

Хори каррок гиёҳи доруии қадимист. Ҷолинус онро барои табобати касалиҳои гуногун истифода бурдааст. Ибни Сино бо ҷӯшоби бехи бозовард ниқрис, хунпартоӣ, исҳоли куҳан ва дарди дандонро муолиҷа мекард, инчунин доруи пешоброн ва муқаввии узвҳои ҳозима тавсия медод. Аз он марҳам тайёр карда, ба омос мебаст. Табибони халқӣ ҷӯшоб ё хокаи тухми хори каррокро аз қадим барои табобати иллати ҷигар, сипурз, заҳрадон ва заъфарма (ярақон) истифода мебаранд. Дар фитотерапия (табобати наботӣ) бо тухми хори каррок илтиҳоби ҷигар, иллати сипурз, заҳрадон, санги заҳрадон, заъфарма ва бавосирро муолиҷа мекунанд. Аз хори каррок дар бисёр мамлакатҳо якчанд хел дору тайёр намудаанд. Қиёми мевааш ҷузъи таркибии доруи «Холелитин» аст, ки бо он холецистит, заъфарма ва ғайраро табобат мекунанд.

Тухми хори каррок 16—32 % равғани хӯрданӣ, 0,08 % равғани эфир, витамини К, 5% флавоноид, зифт, сапонинҳо, аминҳо (тирания, гистамин) ва ғайра дорад.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Бодовард // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.