Jump to content

Хоро (суруд)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Хоросурудест дар қисми овозии Шашмақом, ки чун мавзӯи аслӣ дар шуъбаи якуми мақоми Сегоҳ ҷой гирифтааст. Хоро дар ин шуъба бо 5 тарона омада, бо зарби 2/4 иҷро мешавад. Оҳангаш фараҳангез аст. Матни Хоро дар Шашмақом бар ғазали Имлои Бухороӣ омадааст, ки матлааш ин аст:

Бикшой рухи чу моҳу ривоҷи бутон шикан,
Бозори нози лолаву лоларухон шикан.