Хосият Абдушукурова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хосият Абдушукурова
Абдушукурова Хосият Махсумовна
Таърихи таваллуд 10 ноябр 1933(1933-11-10)
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 8 октябр 2013(2013-10-08) (79 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино

Хосият Махсумовна Абдушукурова (Тав.10.11.1933, гуз. Чорраҳаи ш. Самарқанд — 08.10.2013, ш.Душанбе) — акушер-гинеколог, омӯзгор, номзади илмҳои тиб (1972). «Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР» ва Корманди Хизматнишондодаи Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хосият Абдушукурова дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино таҳсил кардааст (1951–1957). Акушер-гинекологи таваллудхонаи н. Шаҳритус (1957–1958). Пас аз хатми ординатураи клиникӣ (1959) сарпишизки Таваллудхонаи ҷумҳуриявии Душанбе (1959–1963). Аз с.1963 то 1987 – ҷонишини вазири нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон. Минбаъд фаъолияти омӯзгориро пеш гирифта то охири умр муаллими калони каф. гигиенаи иҷтимоӣ ва ташкили нигаҳдории тандурустии ДДТТ будааст. Деп. Сов. меҳнаткашони н. Марказии (ҳоло – Фирдавсии) Душанбе даъватҳои 9 ва 10, узви горкомпартияи Душанбе, узви Пленуми Сов. ҷум.-явии ит. касабаи Тоҷикистон, раиси комиссияи суғуртаи давл., узви През. Сов. ҷумҳуриявии занон, узви През. Ком. ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, узви Сов. ҷумҳуриявии ветеранҳои ҷанг ва меҳнат интихоб шудааст. Хидматҳояш бо ду орден «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин», «Ветерани меҳнат», ду Ифт. Фахрии Сов. Олии Тоҷикистон ва чандин Ифт. Фахрии соҳавӣ қадр карда шудааст.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. — С.14.(тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6