Хосият Махсумова
Хосият Махсумова | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 20 сентябр 1925 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 9 март 2007 (81 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Пеша | муаллима |
| Падар | Нусратулло Махсум |
Хосият Махсумова (20 сентябр 1925, Чашмаи Қозӣ — 9 март 2007, Душанбе) — омӯзгори тоҷик, Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон, узви Иттифоқи донорҳои фахрии Иттиҳоди Шӯравӣ, «Аълочии маорифи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хосият Махсумова 20 сентябри соли 1925 дар деҳаи Чашмаи Козии ноҳияи Ғарм дар оилаи ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ Нусратулло Махсум ва Ҳалимахон ба дунё омадааст. Моҳи декабри соли 1933 оилаи онҳо ба Маскав кӯчид ва Хосият маълумоти ибтидоиро дар мактаби № 19 ба номи В. Г. Белинский гирифт.
Дар солҳои таҳсил дар Маскавбо Надежда Крупская, ҳамсари Владимир Ленин, вохӯрдааст, ки ин вохӯрӣ дар ояндаи ҳаёти ӯ таъсиргузор буд. 12 июли соли 1937 падараш Нусратулло Махсум бо туҳмат ҳабс шуд, ки ин ба зиндагии оилаи онҳо душвориҳои зиёд овард. Бо вуҷуди ин, Хосият Махсумова бо баҳои аъло мактабро хатм намуда, аввалин тоҷикдухтаре гардид, ки ба факултети физикаю математикаи Институти педагогӣ дохил шуд.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1947 ба ҳайси муаллими фанни математика дар мактаби миёнаи шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард. Соли 1948 мудири қисми таълимии ҳамон мактаб таъйин гардид. Соли 1962 ба Омӯзишгоҳи педагогии томактабии ба номи Н. К. Крупскаяи Душанбе ба кор омад ва дар вазифаҳои омӯзгор, мудири қисми таълимӣ фаъолият кард. Солҳои 1964—1980 директори Омӯзишгоҳи педагогии ба номи Н. К. Крупская буд. Бо ташаббуси ӯ дар ин муассиса шуъбаи мусиқӣ кушода шуд.
Нақш дар рушди маориф
[вироиш | вироиши манбаъ]Хосият Махсумова тамоми фаъолияти худро ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус духтарони деҳот, бахшидааст. Ӯ на танҳо донишҷӯёни худро таълим медод, балки ҳамчун як донори фахрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои фронт ва ҷанговарони захмӣ хун месупорид.
Барои саҳми беназираш дар рушди маориф, Хосият Махсумова бо нишони фахрии «Аълочии маорифи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст. Инчунин, ӯ аввалин зани тоҷик буд, ки бо Медали ба номи Н. К. Крупская сарфароз гардид[1].
Ҷоиза ва унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон
- Медали ба номи Н. К. Крупская
- Донори фахрии Иттиҳоди Шӯравӣ
- «Аълочии маорифи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Бузургдошт
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2014 Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба номи ӯ гузошта шуд.
Соли 2006, ба муносибати ба падараш Нусратулло Махсум додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон, Хосият Махсумова ин ҷоизаро аз дасти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гирифт.
Хосият Махсумова 9 марти соли 2007 даргузашт. Вай аз худ шогирдони зиёдеро боқӣ гузошт, ки дар гӯшаву канори Тоҷикистон ва берун аз он дар вазифаҳои гуногун фаъолият доранд. Ӯ яке аз 10 омӯзгори машҳуртарин ва шоистатарини асри XX дар Тоҷикистон дониста мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Раъно Нусратулло. ЯКЕ АЗ ШОИСТАТАРИН ОМӮЗГОРИ АСРИ ХХ. Хосият Махсумова тамоми фаъолияти меҳнатиашро ба таълиму тарбияи духтарони ноҳияҳои дурдаст бахшид. АМИТ «Ховар» (8 марти 2023). 20 сентябри 2025 санҷида шуд.