Jump to content

Хоқонии Турк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

ТАЪСИСИ ХОҚОНИИ ТУРК[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳокими туркон Бумон аввал Теле ном қабиларо мутеъ сохта. қувват гирифт. Баъд дастаи хуб мусаллаҳшуда ташкил намуда, бар зидди иттиҳоди қабилаҳои Жожҳо, ки муғулзабон буда, бар қабилаҳои туркии он ҷо фармонфармо буданд, лашкар кашида, баъди чанде онҳоро мағлуб кард. Дар ин ҷо дигар қабилае набуд, ки бар зидди Бумон муқовимат нишон дода тавонад. Ҳамин тариқ, соли 551 Бумон дар Муғулистону Олтой давлати пурқувватеро ташкил намуд, ки он Хоқонии Турк номида шуд.

ЗАБТКОРИҲОИ ХОҚОНИИ ТУРК[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли таъсисёбии худ сар карда Хоконии Турк ба забти кишварҳои ҳамсоя ва давлатҳои дуртар шурӯъ намуд. Бумон ба ҷангҳои дуру дарози истилогарона даст зад. Ба лашкаре, ки ба ҷониби Ғарб раҳсипор гардид, бародараш Истам сарварӣ мекард. Дар рафти лашкаркашӣ туркҳо то ба соҳилҳои баҳри Арал рафта расиданд. Бародарон дар роҳи ин лашкаркашӣ Суғдро ҳам ишғол намуда, баъд самти ҳаракати як қисми лашкари худро ба тарафи ҷануб гардонданд. Дасгоҳои пурзӯри лашкарӣ туркҳо дар ин самт ба сарҳади давлати Сосониён рафта расиданд. Шоҳи Сосониён Хусрави I Анӯшервон ба ташвиш афтод. Як қисми лашкари туркҳо забткории худро дар самти ғарб идома дод. Туркҳо дар ин ҷо ба муқобилияти ҷиддие дучор нашуда, бо тезӣ пеш рафта, то соҳили баҳри Сиёҳ ва халиҷи Босфор расиданд. Чнн ҳам тобеъи Хоқонии Турк шуд. Баъди ин лашкаркашиҳо Хоқонии Турк ба империяи бузурги қабилаҳои кӯчманчии туркӣ мубаддал гардид. Он дар Шарқ аз Корея сар шуда, дар Ғарб дар соҳили баҳри Сиёҳ ба охир мерасид. Аз бузургӣ ва нктидори ин давлат се давлати пурзӯри он замон - Сосониён, Византия ва Ҳайтолиён метарсиданд. МУБОРИЗАИ ТУРКҲО БАР ЗИДДИ ДАВЛАТИ ҲАЙТОЛИЁН. Дар нимаи дуюми асри VI ҳайтолиҳо дар байни ду давлати пурзӯр монда буданд - Хоқонии Турк ва давлати Сосониён. Туркҳо дар Осиёи Марказӣ ба Ҳайтолиён солҳои 60-уми асри VI дучор омаданд. Ин вақт Ҳайтолиён аз иқтидори Хоқоннн Турк бехабар буданд. Аз ин рӯ, намедонистанд, ки бо чӣ гуна душман рӯ ба рӯ шудаанд. Шоҳи Ҳайтолиён якумин шуда ба ҳуҷум гузашта, хост, ки туркҳоро аз хоки давлаташ ронад. Ин лаҳза Қотулф ном вазири ӯ ба шоҳ муроҷиат карда гуфт, ки мо танҳо дар ватани худамон пурзӯр ҳастем. Ин давлати пурқуввати таҷовузкорро дар ватанаш торумор карда наметавонем. Сосониён, ки борҳо ба давлати Ҳайтолиён лашкар кашида, шикаст хӯрда буданд, бар зидди Ҳайтолиён бо туркҳо иттифоқ бастанд. Дар бораи ин воқеа ба сарчашмае, ки дар китоби "Тоҷикон..."-и Б. Ғафуров омадааст, таваҷҷуҳ кунед: "Хусрави Анӯшервон бо туркҳо гуфтушунид мекунаду мақсад аз он таъсиси иттифоқе буд, ки бояд Ҳайтолиёнро барҳам медод. Ҳамаи нн вокеаҳоро Фирдавсӣ хеле муфассал ба қалам додааст:

Зи Балху зи Шукнону Омую Зам,

Силеҳу сипаҳ хосту ганҷу дирам.

Зи Хатлону аз Тирмизу Висагирд,

Зи ҳар сӯ сипаҳ андаровард гирд.

Дар нн мобайн Ғотифар лашкар ҷамъ кард. Аз Балх, Шуғнон, Хатлон, Вашгирд ё Висагирд (ноҳия дар Тоҷикистон, ки имрӯз Файзобод ном дорад. - Шарҳи Т. Зиёев), Тирмиз, Омул, Зам лашкари бисёр омада, дар атрофи Бухоро ҷой гирифт. Муҳорибаи асосӣ дар қарибии Бухоро шуд.


Бухоро пур аз гурзу кӯпод буд,

Ки лашкаргаҳи шоҳи Ҳийтол буд,

Бишуд Ғотифар сохта тоҷик "Тавонотарину муқтадиртарини туркҳо Санҷибу буд, ки аз лашкари бешумори шохи ҳайтолиён... нахаросида, ба ҷанг даромад... ва лашкари ӯро нобуд сохт, сарвату мулки ӯро ғасб кард, ба ҷуз он ҷойҳое, ки пештар Хусрави I тасарруф карда буд". Инак, ҳар ду тараф мекӯшид, ки аввалин шуда ба ҳайтолиён зарба занад ва амалан ҳайтолиён бар зидди ду душмани муқтадир танҳо меҷангиданд. Иттифоқи байнн Хоқонии Турк ва Сосониён дуру дароз давом накард. Сабабаш чунин буд: "Байни иттифоқчиён низоъ афтоду аз ҳам ҷудо шуданд ва ҳар яке мехост, ки аз шароити мавҷуда, аз афти кор, ҳаддалимкон истифода барад..." Низоъи онғо дар масъалаи андоз буд. Сосониён ба Ҳайтолиён боҷ медоданд. Бинобар ҳамин сабаб туркҳо талаб карданд, ки Сосониён ҳамон боҷеро, ки ба Ҳайтолиён медиҳанд, ба онҳо диҳанд. Ин низоъ ба нафъи Ҳайтолиён буд. Қисмати ҷанубии Осиёи Марказӣ дар ихтиёри Сосониён ва қисмати шимолии он дар дасти Хоқонин Турк монд. Вале Ҳайтолиён, ки дар зери зарбаҳои лашкари Хоконни Турк таназзул карда буданд, бар зидди лашкари туркҳо муқобилияти сахт нишон дода натавонистанд. Туркҳо як қисми қаламрави давлати Ҳайтолиёнро ишғол карданд. Аз самти Ғарб Хусрави Анӯшервон ҳамлаи лашкари худро бар зидди давлати Ҳайтолиён ривоч дод. Ӯ аз дарёи Аму гузашта, ба Хатлон дохил шуд. Дар ин муҳориба шоҳи Ҳайтолиён Шаҳнавоз кушта шуд. Ҳамин тариқ, Хусрави Анӯшервон Хатлонро ба давлати худ ҳамроҳ кард.

НИЗОЪИ НАВИ ТУРКҲО БО СОСОНИЁН[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин низоъ дар масъалаи савдои абрешим ба миён омад. Эрон дар байни шарқу ғарб дар савдои ин маҳсулоти қиматбаҳои бофандагӣ миёнарав буд ва аз савдои он даромади калон ба даст медаровард. Византия мехост, ки ин маҳсулотро бевосита аз истеҳсолкунандагони пилла харидорӣ кунад. Туркҳо ҳам мехостанд, ки абрешим ва маҳсулоти дигари истеҳсоли Суғдро ба Ғарб бо роҳи абрешим, ки аз хоки давлати Сосониёи мегузашт, бурда фурӯшанд. Дар сурати амалӣ шуданн ин мақсади туркҳо Сосониён мақоми миёнаравии худро аз даст медоданд. Дар вазъияти баамаломада манфиатҳои Византия ва Хоқонии Турк ба ҳам наздик шуданд. Дар ин замина онҳо метавоннстанд бар зидди Сосониён иттифоқи тиҷоратию ҳарбӣ банданд.

САФОРАТҲОИ МОНИЯҲ БА ЭРОНУ ВИЗАНТИЯ[вироиш | вироиши манбаъ]

Хоқонии Турк дар ҳалли низоъи тиҷоратӣ бо давлати Сосониён аз тоҷирони Суғд истифода мебурд. Суғдиён бо сардории Монияҳ, ки хоқими Суғд буд, ҳайати сафирони тоҷирро ба Эрон фиристонданд. Азбаски Монияҳ ва ҳайати сафорати ӯ дар амал намояндагони туркҳо буданд. Анӯшервон дархостҳои онҳоро қабул накард. Ӯ баҳона кард, ки мардуми Эрон ба ин ҷо омадани намояндагони Хоқонии Туркро намепазиранд. Ин буд, ки кулли пешниҳодҳои сафирони суғдиро рад кард. Ба чунин қарори Анӯшервон вазири шоҳи Ҳайтолиён Катулф. ки аз туркҳо гурехта, дар Эрон паноҳ бурда буд, таъсир расонд. Бо пешниҳоди ӯ шоҳи Эрон тамоми абрешими суғдиёнро харида, дар назди соҳибонаш оташ зад. Баъди ин Хоқонии Турк ба Эрон ҳайати нави сафоратро равон кард. ки он танҳо аз туркҳо иборат буд. Анӯшервон ин дафъа аз ҳайати сафорати мазкур танҳо якчанд нафарро зинда монда, дигаронашро қатл кард. Ин амал муносибатҳои байни Сосониён ва Хоқонии Туркро тезу тунд кард. Ба танҳои ба давлати Сосониён зӯри Хоқонин Турк намерасид. Аз ин рӯ, туркҳо як роҳ доштанд - бастани иттифоқ бо Византия иттифоқе, ки бар зидди Эрони Сосонӣ нигаронида мешуд. Ба ҳайати сафорат, ки соли 568 ба Византия рафт, боз ҳамон Монияҳ роҳбарӣ мекард. Ӯ бо худ номаи шохи туркҳо ва инъомҳои қиматбаҳо гирифта, бо корвони тиҷоратӣ ба роҳ баромад. Баъди чанд моҳ сиҳату саломат ба Византия омада расид ва мактубу туҳфаҳоро ба императори он супорид. Монияҳ бо императори Византия аз номи Хоқонин Турк созишномаи тиҷоратию ҳарбии зидди Эрони Сосониро имзо кард. Акнун тиҷорати Хоқонии Турк ба Ғарб ва Шарқи Наздик тавассути ҳудуди Византия сурат мегирифт. ТАҶОВУЗИ ТУРКҲО БА ЭРОН. Соли 579 Хусрави I Анӯшервон вафот кард. Туркҳо хостанд, ки аз ҳамин вазъияти мусоид истифода бурда, ҳам давлати Ҳайтолиён, ки дар Таҳористон вуҷуд дошт ва ҳам давлати Сосоннёнро ишғол кунанд. Ба туркҳо муяссар гардид, ки қаламрави ҳайтолиҳои соҳили ҷануби Таҳористонро ба давлати худ тобеъ кунанд. Ба Ҳайтолиёни шимоли Таҳористон муяссар шуд, ки мустақилияти давлати худро нигоҳ доранд. Соли 588 туркҳо лашкари худро бо сардории Совашоҳ бар зидди Сосониён равон карданд. Туркҳо аз дарёи Аму гузашта, Таҳористонро ба даст дароварда, баъд ба сӯи Ҳирот раҳсипор шуданд. Ғайричашмдошти туркҳо лашкари эрониҳо дар зери сарварии Баҳроми Чӯбина ном лашкаркаши машҳур бар зидди лашкари Хоқонин Турк баромад. Дар ин ҷо Совашоҳ ба лашкари Баҳроми Чӯбина рӯ ба рӯ шуд. Баҳроми Чӯбина ба қароргоҳи лашкаркаши туркҳо ҳамла кард. Туркҳо шикаст хӯрданд ва шоҳи онҳо Совашоҳ ба асп савор шуда, ба Баҳроми Чӯбина ҳамла кард. Вале аз тири Баҳроми Чӯбина ҳалок шуд. Лашкари туркҳо ин ҳолро дида, рӯ ба гурез ниҳод. Баъди муҳлате туркҳо аз нав лашкар ҷамъ карда, ба давлати Сосониён ҳамла оварданд. Писари Совашоҳ, ки Пармуда ё Елтегин ном дошт, аз дасти эрониҳо бори дуюм шикаст хӯрд. Баъди ин тарафҳои низоъ дар соҳили дарёи Аму ба созишномаи сулҳ имзо гузоштанд.

ДУ ТАҚСИМ ШУДАНИ ХОҚОНИИ ТУРК[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар натичаи ҷангҳои тӯлонӣ Хоқонни Турк таназзул кард. Дар мамлакат харакати чудоихоҳй пурзӯр шуд. Вазънят чунон тезу тунд буд, ки ба ду давлат тақсим шудани Хоконии Турк ногузир гардид. Ҳамин тарик, солҳои 600-603 ин давлат ба Хоқонии Шарқии Турк ва Хоконии Ғарбии Турк таксим шуд. Осиёи Марказӣ дар ҳайати Хоқонии Ғарбии Турк буд. Хоқонии Шарқии Турк мавҷудияти худро оҳиста-оҳиста аз даст дод. Соли 691 Хоқонии Шарқии Турки дуюм таъсис ёфт. Қаламрави ин давлат асосан Чин ва гирду атрофи онро дар бар мегирифт. Вале он ҳамагӣ 25 сол вуҷуд дошт. Хоқонии Ғарбии Турк дар зери зарбаи лашкари арабҳо соли 744 аз байн рафт.

Пайвандҳои беруна[вироиш | вироиши манбаъ]

Хоқонии Турк