Хоҷакалони Даҳбедӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хоҷакалони Даҳбедӣ
Навъи фаъолият: шоир

Абумуҳаммад Аминӣ, машҳур ба Хоҷакалони Даҳбедӣ (с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири тоҷик (а. 16).

ЗИндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз таҳсили илмҳои мадрасавӣ худ ба тадрис машғул шуд. Тазкиранавис Мутрибӣ, ки дар борааш маълумот додааст, яке аз шогирдони ӯ буд. Дар тазкираҳо аз соҳибдевон буданаш ёд шудааст, вале девонаш пайдо нагардидааст.

Намунаи ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]

Абёти зерин аз ӯст:

Савдои он нигор маро мекунад хароб,
Сӯзи даруни сина дилам мекунад кабоб.
Афғонкунон ба кӯи ту ҳар лаҳза меравам,
Бо синаи пуроташу бо дидаи пуроб…
Раҳме агар ба ҳоли Аминӣ намекунӣ,
Мемонад ин фақир паси пардаи ҳиҷоб.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Суханварони Сайқали рӯи замин, Д., 1973.