Хоҷуи Қирмонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Камолиддин Абулато Махмуд бинни Али, ки Хочу тахаллус карда, бо номи Хочуи Кирмони машхур аст, мохи феврали соли 1281 дар шаҳри Кирмон таваллуд шуда, хеле барвакт ба шеъргуи мепардозад. У ба бисёр шаҳрхои мамлакат, аз чумла ба Язду Багдод сафар карда, дар охир дар Шероз рахти икомат мегузинад ва то охири умр дар ин шаҳр хаёт ба сар мебарад. Хочу аз худ девони комиле, ки касидаву ғазал, китъаву рубои, таркиббанду мустазодро дар бар мегирад ва шаш маснави боки гузошта аст. Ашъори Хочу хануз дар замони зиндагиаш машхур будааст. Хатто Хофизи Шерози, ки аз бузургтарин шоирони ғазалсаро эътироф гаштааст, худро шогирди Хочу медонад ва чун хисси эхтиром ва алокаманди ба хунару истеъдоди у мегуяд:

Устоди ғазал Саъдист назди хама кас, аммо Дорад сухани Хофиз тарзи сухани Хочу

Хочу соли 1352 дар Шероз вафот кардааст. Маркади у дар тали Танги Шероз аст, ки Оллоху Акбар ном дорад.

Тани Хочуи Кирмони ба Шероз Ба Танг афтодааст Оллоху Акбар

Дар таърихи адаби форсу тоҷик Хочу, пас аз Хусрави Дехлави, дуюмин сарояндаи достонхои ишки ва ахлоки ва давомдихандаи суннатхои Низомии Ганчави ба шумор меравад. Ба вай шаш маснави нисбат дода мешавад, ки панчтояшро «Хамсаи Хочу» унвон кардаанд.

  • Маснавии «Хумой ва Хумоюн», ки соли 1332 дар Багдод ба итмом расидааст.
  • Достони «Гулу Наврӯз». Пас аз дах соли маснавии аввал навишта шуда, дар пайравии «Хусрав ва Ширин» -и Низоми таълиф гаштааст.
  • «Равзатуланвор». Дар пайравии «Махзануланвор»-и Низоми ба калам омадааст.
  • Манзумаи «Камолнома» соли 1343 эҷод гаштааст.
  • «Гухарнома». Соли 1344 хатм гаштааст.
  • «Сомнома». Дар вазни мутакориб суруда шуда, яке аз силсилаи осоре, ки дар пайравии «Шохнома» таълиф шудааст. Вай яке аз чолибтарин афсонахои сиистони буда, кахрамонихои Сом, бобои Рустами Дастонро дар бар гирифтааст.

Аз ғазалиёт[вироиш]

Даст гиред дар ин вокеа, к-афтод маро, Ки намондаст кунун токати бедод маро. Рози ман чумла фуру хонд бар душману дӯст , Ашк аз ин восита аз чашм наяфтод маро. Харгиз аз рӯзи чавони нашудам як дам шод, Модари дахр надонам ба чи мезод маро? Доманам Дачлаи Багдод шуд аз хасрати он, Ки насиме расад аз чониби Багдод маро. Он ки як лахза фаромуш нашуд аз ёдам, Зохир он аст, ки харгиз накунад ёд маро. Ман на онам, ки зи куяш ба чафо баргардам Гар биронад зи дар он хури паризод маро. Ин хаёл аст, ки васли ту ба мо пардозад, Хар хаёлаш кунад аз чанги гам озод маро. Гар ба гушат нарасад субхдаме фарьёдам, Кай расад дар шаби хичрони ту фарьёд маро. Бар сари куйи ту чун Хочу агар хок шавам, Ба насими ту магар зинда кунад ёд маро.

Ёд бод он ки ба руйи ту назар буд маро, Руху зулфат ивази шому сахар буд маро. Ёд бод он ки зи наззораи руят хама шаб, Дар махи чордах то рӯз назар буд маро. Ёд бод он ки зи рухсори ту хар субхдаме Уфуки дида пур аз шуълаи х(в)ар буд маро. Ёд бод он ки зи чашми хушу лаъли лаби ту, Нукли мачлис хама бодому шакар буд маро. Ёд бод он ки зи руйи ту зи акси майи ноб Дида пуршаъшааи шамсу камар буд маро Ёд бод он ки гарам захраи гуфтор набуд, Охир аз холи ту хар рӯз хабар буд маро. Ёд бод он ки чу ман азми сафар мекардам, Бар миён дасти ту хар лахза камар буд маро. Ёд бод он ки бурун омада буди ба видоъ, Бар сари куйи ту оҳанги сафар буд маро. Ёд бод он ки чу Хочу зи лабу дандонат, Дар дахон шаккару дар дида гухар буд маро.

Рахшандатар аз мехри рухаш мох надидам, Хуштар зи рахи ишки бутон рох надидам. Умрест, ки он умри азизам бишуд аз даст, Мохест, ки он талъати чун мох надидам. Дил хоста буд аз мани дилдода, валекин Чон низ фидо кардаму дилхох надидам. Оташ задам аз ох дар ин хиргахи нили, Чун талъати у бар дари хиргох надидам. То дар шикани зулфи сиёҳи ту задам даст, Аз домани дил дасти ту кутох надидам. Дар мехри ту хамрах ба чуз аз соя начустам, Дар ишки ту хамдам ба чуз аз ох надидам. Дилгиртар аз чохи занахдони ту бар мох Дар гуи занахдони махе чох надидам. Ошуфтатар аз мӯт, ки бар муй камар гашт, Ман муи касеро ба камаргох надидам. Аз хирмани савдои ту сармояи Хочу Хосил ба чуз аз гунаи чун кох надидам.


АЗ РУБОИЁТ[вироиш]

Чун дилбари мо дил бирабуд аз бари мо, Не дил бари мо бимонду не дилбари мо. Хун аз дили реши мо ба танг омада буд, У низ равон гашту бирафт аз сари мо.

Дил аз пайи он ёри писандида бирафт, Чон бо дили пурхуни чафодида бирафт, Ашкам, ки равон гашту зи чашмам бидавид, То ман мижа бархам задам, аз дида бирафт.

Бар тарфи чаман гуле чу руят нашукуфт, Чун чашми ту кас маст ба мехроб нахуфт. Умрӣ туву бе умр намешояд зист, Чонӣ туву тарки чон намебояд гуфт.

Дар зулфи ту харчанд шикаст афтодаст, Сад сайди бех аз манаш ба даст афтодаст. З-он зулфи дароз даст кутах накунам, Чун риштаи давлатам ба даст афтодаст.

Боз ой, ки мавсими чавони бигзашт, Айёми нишоту комрони бигзашт. Бигзаштию чони дардмандам мегуфт, Гофил манишин, ки зиндагони бигзашт.

Дишаб санаме сарвкади шерози, Зулфаш хама дар банди камандандози, Бо тура шабе дароз бози мекард, Хуршед надидам, ки кунад шаб бози.

Он муймиён, ки то миён дорад муй, Аз мардуми чашми ман нихон дорад муй. Гуфтам: «Сари зулфи ту пароканд чарост?» Гуфто, ки суханхои пароканда магуй.