Христиан фон Волф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Христиан фон Волф
олмонӣ: Christian von Wolff
Christian Wolff.jpg
Таърихи таваллуд: 24 январ (3 феврал) 1679[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Тахрихи даргузашт: 9 апрел 1754(1754-04-09)[1][2][3][…] (75 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: риёзиёт, фалсафа, ҳақшиносӣ, метафизик ва philosophical logic[d]
Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа[d][4] (1703)
Алма-матер:
Роҳбари илмӣ: Готфрид Лейбнитс, Ehrenfried Walther von Tschirnhaus[d], Christoph Pfautz[d][6] ва Christoph Pfautz[d][5]
Шогирдони маъруф: Ewald Friedrich von Hertzberg[d], Михаил Ломоносов, Joachim Georg Darjes[d], Samuel Klingenstierna[d][5] ва Johann Samuel König[d][5]
Ҷоизаҳо:
Commons-logo.svg Христиан фон Волф дар Викианбор

Хри́стиан фон Волф (олмонӣ: Christian von Wolff; 24 январи 1679, Бреслау, Силезия, Империяи Руми Муқаддас — 9 апрели 1754, Галле, Саксония, Империяи Руми Муқаддас) — риёзидон, физикдон, файласуф, ҳуқуқшинос, қомуснигор ва рӯҳшиноси олмонӣ. Узви АИ Берлин, узви фахрии АИ Петербург (аз соли 1725). Шогирди Г. В. Лейбнис.

Зиндагинома[вироиш]

Риёзиёт ва фалсафаро дар Университети Йен омӯхтааст. Солҳои 1703-05 дар Университети Лейпсиг кор кардааст. Солҳои 1706-23 ва 1741-54 профессор Университети Галла (аз соли 1743 канслери ун-т). Соли 1723—1740 барои озодфикрӣ аз Пруссия ронда шуд. Дар ҳамон солҳо дар Университети Марбург дарс додааст ва дар он ҷо М. В. Ломоносов аз дарсҳои вай баҳра бардоштааст. Барои таъсиси АИ Петербург ва даъват намудани олимони маъруф, аз ҷумла Николай ва Даниил Бернулли, Я. Герман мусоидати бевосита кардааст. Муаллифи асарҳои илмӣ ва таълимӣ дар соҳаҳои физика ва риёзиёт. Асари чорҷилдии Христиан фон Волф «Асосҳои илмҳои риёзӣ» борҳо такроран чоп шудааст. Ӯ нуқтаро чун аломати зарб ва дунуқтаро чун аломати тақсим дар риёзиёт ҷорӣ карда, дар соҳаи назарияи қаторҳо низ таҳқиқот анҷом додааст. Христиан фон Волф оид ба риёзиёт якчанд асар навиштааст, ки ба ташкили таълими он дар Олмон ва Руссия таъсири зиёд расонидаанд. Хусусан «Луғати риёзӣ», ки соли 1716 дар Лейпсиг ба табъ расид, яке аз аввалин луғатҳои риёзӣ буда, дар равияи донишномаҳо навишта шудааст. Христиан фон Волф намояндаи ҳуқуқи табиӣ ва бунёдгузори аксарияти мафҳумҳои ҳуқуқии садаи XIX буд. Ӯ асосҳои мафҳумҳои фалсафии забони олмониро гузошт, ки бисёри онҳо то ҳол мавриди истифода қарор доранд.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118634771 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
  3. 3.0 3.1 Christian Wolf — 1834.
  4. 4.0 4.1 4.2 немецкая Википедия — 2001.
  5. 5.0 5.1 5.2 5.3 Математическая генеалогия — 1997.
  6. Математическая генеалогия — 1997.

Адабиёт[вироиш]

  • Жучков В. А. Из истории немецкой философии XVIII в. Предклассический период. От вольфовской школы до раннего Канта. М., 1996.

Сарчашма[вироиш]