Худойназар Боқиев
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард |
Тахассус | ҷуду |
Зодрӯз | 8 март 1951 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 29 май 2012 (61 сол) |
Маҳалли даргузашт |
Худойназар Боқиев (Боқиев Худойназар Ғоибович; 8 марти 1951, деҳаи Хонақоҳи Кӯҳӣ, ноҳияи Ҳисор — 29 майи 2012, ноҳияи Рӯдакӣ) — куштигир, ҷудукори тоҷик, Устоди варзиши Тоҷикистон (1975), Устоди варзиши ИҶШС (1976), Мураббии хидматнишондодаи варзиши ҶШС Тоҷикистон (1988), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1999), Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон (2002).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе (1970). Солҳои 1970—1975 муаллими тарбияи ҷисмонии Омӯзишгоҳи касбҳои техникии № 49-и ноҳияи Ленин, 1975—1980 мураббии Ҷамъияти ихтиёрии варзишии «Ҳосилот», 1980—1985 сармураббии Мактаби варзишии кӯдакону наврасони № 1 (ҳоз. Мактаби махсуси варзишии ҷуду)-и ноҳияи Рӯдакӣ буд. Аз соли 2010 директори ҳамин мактаб. Худойназар Боқиев дар мусобиқаҳои варзишии сершумори Тоҷикистон ва ИҶШС иштирок намуда, борҳо ғолиб ва сазовори медалу ҷоизаҳо гаштааст. Қаҳрамони 49-каратаи Тоҷикистон дар куштии ҷуду ва самбо. Худойназар Боқиев дар тарбияи куштигирони ҷавони тоҷик саҳми бузург дорад.
Куштигирони номии Тоҷикистон Расул, Рустам ва Алишер Боқиев шогирдон ва фарзандони ӯянд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1979), Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996), медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқиев Худойназар Ғоибович / Н. Шарипов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.