Худрави зиреҳпӯш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Худрави зиреҳпӯш — худрави чархдори ҷангии зиреҳпӯш ва мусаллаҳест, ки барои разведка, муҳофизат ва алоқа таъйин шудааст.

Аввалин худрави зиреҳпӯши бо тӯпу пулемётҳо мусаллаҳ дар Англия сохта шуд (1900—1902) ва дар ҷанги англису бурҳо (1899—1902) истифода гардид. Артиши рус охири Ҷанги ҷаҳонии якум (1914—1918) бо 160 худрави зиреҳпӯш мусаллаҳ буд. Дар давраи Ҷанги ҷаҳонии дувум (1939−1945) худрави зиреҳпӯшро артишҳои гуногун истифода бурданд. Аслиҳаи худрави зиреҳпӯш аз тӯпу пулемётҳо, экипажи он аз 3 — 4 кас иборат аст. Суръати баландтарини худрави зиреҳпӯш — 90 — 100 км/соат, захираи гашт — 500—750 км. Худрави зиреҳпӯши ҳозиразамон метавонад рӯ-рӯйи об шино кунад ё таг-таги об аз убургоҳе гузарад, ки то 1, 4 м чуқур аст. Чунин худрави зиреҳпӯш асбобҳои гуногуни оптикии мушоҳида ва биниши шабона, радиостансияҳо ва ғайра дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]