Хунгузаронӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайер истгоҳи переливания хун.

Хунгузаронӣ, гемотрансфу́зия (аз юн.-қад. αἷμα — хун ва аз лот. transfusio — гузаронидан) — як усули муолиҷаро гӯянд, ки зимни он ба маҷрои раги бемор (реципиент) хуни донор (шахси хундиҳанда) ё ҷузҳои он (массаҳои эритроситӣ ё лейкоситӣ ва ғ.), инчунин моддаҳои хунивазкунанда мефиристанд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Яке аз нахустин дастгоҳҳои интиқоли хун

Бо мақсади муолиҷа истифода намудани хун (махсусан, хуни ҳайвонот) аз қадимулайём маълум аст. Соли 1667 олими франсавӣ Ж. Дени хуни барраро бомуваффақият ба беморе, ки хунаш кам буд, гузаронд. Кушишҳои минбаъдаи ба одамон гузаронидани хуни ҳайвонот бенатиҷа монда, боиси марги беморон гардиданд. Соли 1819 акушери англис Ҷ. Бландел аввалин шуда хуни одамро ба одам гузаронд. Баъди аз тарафи олими утришӣ К. Ландштейнер (1901) ва духтури чех Я. Янский (1907) муайян шудани гуруҳҳои хун ва истифода шудани намаки натрии ҷавҳари лимӯ (барои консервонии хун) хунгузронӣ бехавф гардида, васеъ татбиқ ёфт. Кашфи резус-фактор хунгузарониро боз ҳам бехвфтар кард. Хунро пойгоҳи хунгузаронӣ ҷамъ намуда, ба муассисаҳои табобатӣ мефиристад. Соли 1926 дар Москва аввалин дар ҷаҳон Иниститути илмии хунгузаронӣ ташкил шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]