Хӯроки парҳезӣ барои беморони диабети қанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Хӯроки парҳезӣ яке аз қисмҳои асосӣ ва ҷудонашавандаи табобати беморони диабети қанд мебошад. Хӯрок омилест, ки ҳамеша ба ҷисми инсон, ҳолати саломатӣ ва қобилияти меҳнат таъсир менамояд. Ташкили хӯроки дуруст иқтидори муҳофизатии ҷисмро нисбат ба таъсири омилҳои муҳити зист мустаҳкам менамояд. Дар он ҷое, ки танзими тиббии табобати парҳезӣ нест, дар он ҷо табобати пурарзиш ва таъсирбахш нест. Вобаста аз намуди бемории диабети қанд ва ҳолатҳои он парҳезҳои гуногун тавсия карда мешавад. Хӯроки парҳезӣ аввалан гурӯҳи беморони нисбатан вазнинро ба назар мегирад, зеро онҳо бештар эҳиёҷманданд. Хусусияти парҳез ин тавсияҳои нисбатан устувор мебошанд, ки иҷрои онҳо ба ремиссияи беморӣ дар марҳилаи хуруҷ ва устуворона нигоҳ доштани беҳбудӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳар як парҳез қисмҳои зеринро дар бар мегирад: нишондод барои таъинот, таъиноти мақсаднок, тавсифи умумӣ, усулҳои коркарди кулинарӣ, қиммати калориянокии ғизо ва таркиби кимиёвии он, реҷаи хӯрок, номгӯи маҳсулоту озуқаворӣ ва таомҳои тавсияшаванда ва манъкардашуда. Диабети қанд асосан ду намуд мешавад: вобаста аз инсулин (ДҚВИ) ё навъи 1 ва диабети қанди новобаста аз инсулин (ДҚНИ) ё навъи 2. Зикр кардан лозим аст, ки ба ғайр аз инҳо дигар намудҳои диабети қанд низ вуҷуд доранд. Диабети қанди вобаста аз инсулин (ДҚВИ), навьи 1 дар байни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон бисёртар паҳн шуда, бештар авлодӣ мебошад.

  • Сабабҳои пайдоиши диабети навъи 1 (ДҚВИ)

Ин намуди диабет яку якбора сар зада бо аломатҳои (симптомҳои) тезу тунд ҷараён меёбад. Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши ин намуди диабети қанд - ҳангоми бемориҳои вирусӣ (зардпарвин, сурхакон, сурхча, ҳерпис, паротити эндемикӣ) системаи иммунитети инсон ба ҷавоби вирус аз ҳад зиёд антителаҳо хориҷ менамояд ва онҳо ҳуҷайраҳои ғадуди зери меъдаро нобуд мекунанд. Дар сар задани диабети қанди намуди 1 зарбаи фикрронӣ (шахс дар кӯдакӣ ва наврасӣ дучор шудааст) нақши калонро мебозад. Сабабҳои дигари саршавии беморӣ ин газаки ғадуди зери меъда, латхӯрӣ ва ҷарроҳии он низ шуда метавонанд. Яке аз сабаби дигари пайдоиши диабети қанди инсулинвобаста, ин кам истеъмол намудани сафедаҳо ва аминокислотаҳо мебошад (таркиби инсулин аз сафедаҳо иборат аст). Вайроншавии ҳосилшавии ферментҳо ва нуқсонҳои авлодии бета ҳуҷайраҳо низ сабабгори диабети қанд шуда метавонанд.

  • Нишонаҳои даибети қанди новобаста из инсулин (ДҚНИ), навъи 2

Ин намуд диабети қанд дар байни калонсолон бештар вохӯрда бештар аз миқдои зиёд истеъмол намудани ғизо ва вайроншавии мубодилаи моддаҳо пайдо мегардад.

  • Сабабҳои пайдоиши диабети қанди навъи 2 ё ДҚНИ

Бештар шахсони (занон) синнашон аз 40 боло гирифтори ин намуди диабети қанд мешаванд. Сабаи асосии пайдоиши ДҚНИ ин вазни зиёд ва фарбеҳӣ мебошад, чунки барои ба танзим даровардани мубодилаи глюкоза зиёдтар инсулин лозим мешавад. Аммо ғадуди зери меъда аз ӯҳдаи ин «дархост» намебарояд ва дар натиҷа миқдори қанди хун баланд мегардад. Қайд кардан лозим аст, ки гузаронидани инсулини сунъӣ ин проблемаро бартараф нанамуда, шахсро бисёртар ба фарбеҳӣ меорад ва дар ин ҳолат тавсияи парҳез бисёр муфид мебошад. Синтези инсулин кам ҳам бошад тамоман қатъ нагардида аломатҳои он оҳиста - оҳиста пайдо мегарданд. Ҳуҷайраҳои бадан қобилияти ҳиссиётро нисбати инсулин гум мекунанд, дар натиҷа ғадуди зери меъда баҳри қонеъ гардондани талабот бисёртар инсулин хориҷ менамояд. Дар натиҷаи фаъолияташ бозмонда аломатҳои диабети қанд пайдо мешаванд. Сабаби дигари пайдоиши намуди 2 ин вайроншавии механизми пайвастшавии ҳуҷайра ва инсулин мебошад, яъне ресепторҳои ҳуҷайра инсулинро намешиносанд, дар натиҷа қанд дар хун зиёд мегардад. Дар ин ҳолат талабот ба инсулин зиёд гардида, одам хароб мешавад ва бисёртар ғизо истеъмол мекунад, ки ба фарбеҳшавӣ овада мерасонад. Ҳамин тавр давраи сарбаста ҳосил мегардад, яъне ғадуди зери меъда бисёр кор мекунад, ки ҳуҷайраҳоро бо глюкоза таъмин намояд, одам бисёр ғизо истеъмол менамояд, ки гуруснагиро бартараф намояд, дар натиҷа ҳуҷайраҳои нав пайдо мешаванд, ки онҳо низ ба инсулин эҳтиёҷ доранд. Яке аз сабабҳои асосии дигари сар задани ин беморӣ омили ирсӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари сабабҳои номбурда шуда баланравии фишори хун низ ба бемории диабети қанд оварда мерасонад.

ТАВСИФИ ҒИЗОИ ПАРҲЕЗИИ БЕМОРОНИ ДИАБЕТИ ҚАНД[вироиш]

Пеш аз ҳама қайд намудан зарур аст, ки парҳез ҳангоми намуди 1 (вобаста аз инсулин, ДҚВИ) аз намуди 2 (новобаста аз инсулин, ДҚНИ) фарқ мекунад.

  • Хусусиятҳои парҳези ДҚНИ

1. Мунтазам баҳисобгирии ҳатмии карбогидратҳо, чарб ва сафедаи ратсионии шабонарӯз. Ҳангоми набудани фарбеҳӣ миқдори энергия ва ширинии ғизо дар сатҳи физиологӣ тавсия карда мешавад. Парҳез бояд миқдори лозимии витамину моддаҳои минералӣ дошта бошад. Намаки ошӣ вобаста ба вуҷуд доштани дигар бемориҳо тавсия карда шавад. 2. Аз ғизои шабонарӯзии бемор карбогидратҳои тезҳалшаванда бароварда мешаванд. 3. Миқдори чарбҳои ҳайвонот маҳдуд карда мешавад (таносуби чарбҳои ҳайвонот ва растаниҳо 1:2 ташкил медиҳад). 4. Истеъмоли васеи нахҳои ғизоӣ. 5. Реҷаи хӯрок 5- 6 маротиба дар як рӯз. 6. Роҳ надодан ба истеъмоли машруботи спиртӣ ва тамокукашӣ. Азбаски фарбеҳӣ дар байни беморони ДҚНИ аз 60-80% паҳн шудааст, паст намудани вазн яке аз принсипҳои асосии табобати беморони диабети қанди ин намуд мебошад. Парҳези ҷиддӣ метавонад бе истеъмоли доруҳои қандпасткунанда 1/3 қисми беморони намуди сабуки диабети қандро ба ҳолати мӯътадил баргардонад. Ба беморони диабети қанди гирифтори фарбеҳӣ кам намудани энергияи ратсион аз ҳисоби карбогидратҳо ва чарбҳо, лекин миқдори кофии сафедаҳо ва витаминҳо тавсия карда мешавад. Маҳдудияти энергия аз дараҷаи фарбеҳӣ, вазнинии диабет, синну соли бемор, мавҷудияти бемориҳои ҳамроҳ ва оризаҳои диабет вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз бемор бояд оҳиста-оҳиста хароб гардад, яъне на зиёдтар аз 1-2 кг дар як моҳ. Аспектҳои харобшавӣ аз ҳамкории зич бо табиб вобастагӣ дорад. Дар ин самт кор бо бемор бисёр мушкил аст, яъне табиб бояд моҳияти масъаларо ба бемор тавре фаҳмонад, ки он дилозурда нашуда худро ба харобшавӣ омода созад. Ба беморони гирифтори фарбеҳии намуди сабуки диабет рӯзҳои кам истеъмол намудани ғизо эълон карда мешавад, яъне бемор дар як ҳафта як бор (беҳтараш рӯзҳои шанбе ё якшанбе) ба ғайр аз маҳсулотҳои дар зер оварда шуда, дигар ҳеҷ чиз истеъмол намекунад: рӯзҳои творогӣ (0,5 кг, беравған), мевагӣ (1-1,5 кг себ ё афлесун), сабзавотӣ (1,5 кг карам, турб, бодиринг, помидор), гӯшту сабзавот (300 гр. гӯшти обпаз + 200-300 гр. сабзавоти тару тоза), ҷурғоту творог (250 гр. твороги беравған + 0,5 л ҷурғот). Тамоман манъ намудани ғизо ба ин гуна беморон тавсия карда намешавад. Хӯроки парҳезӣ барои беморони диабети қанди новобаста аз инсулин, дараҷаи сабук ва миёнаи бо вазни ҷисми мӯътадил ё каме барзиёд. Парҳез бо энергияи хӯроки мӯътадил пастшуда аз ҳисоби карбонгидратҳои осон ҳалшаванда ва равғани ҳайвонот. Сафедаҳо ба парҳез мутобиқи меъёри физиологӣ дохил карда мешаванд. Қанд ва шириниҳо истисно карда мешаванд. Андозаи физиологии намаки ошӣ ба назар гирифта мешавад. Холестерин ва моддаҳои экстрактивӣ мӯътадил кам карда мешаванд. Моддаҳои липотропӣ, витаминҳо, нахҳои ғизоӣ дар парҳез зиёд мешаванд (ҳамчунин номгӯи зиёди маҳсулоти озуқаворӣ дароварда мешавад). Таркиби химиявӣ ва энергия: сафедаҳо - 90-100 гр., равғанҳо 70-80 гр., карбонгидратҳо - 300 гр. Энергияи ратсион - 2300 ккал. Намаки ошӣ на зиёд аз 12 гр, моеи озод - 1,5-2 л.

  • Номгӯи таому маҳсулоти тавсияшаванда
  • Нон ва маҳсулотҳои нонӣ: нони сиёҳи аз орди навъи паст, нони ҷавин, нони сабӯсӣ, сафедагии гандумӣ аз орди навъи II (тақрибан 200-300 г дар як рӯз).
  • Шӯрбоҳои вегетерианӣ аз сабзавоти гуногун^ карамшӯрбо, мурғшӯрбо, бедонашӯрбо, думшӯрбо, лаблабушӯрбо, обдӯғи гӯштӣ ва сабзавотӣ, пиёбаҳои дуюмбораи гӯштӣ ва моҳигӣ, замбурӯғӣ бо сабзавот, ярма, картошка, фрикаделкаҳо (ғелакҳо).
  • Гӯшт ва таомҳои гӯштӣ: гӯшти беравған, паранда, моҳӣ дар шакли ҷӯшонидашуда, пухташуда бурида ё поракардашуда, ҳасибча, ҳасиби беравған.
  • Шир маҳсулотҳои ширӣ: шир, ҷурғот, дӯғ, творог, қаймоқ (ба миқдори кам).

Тухм на зиёд аз 2 дар намуди омлет ё ба дигар таомҳо иловашуда.

  • Таомҳо аз гарнирҳо ва сабзавотҳо: мева ва сабзавотҳое, ки дар 100 гр. таркибашон 5 гр. карбогидратҳо (бодиринг, помидор, карам, боимҷон, турбча, турб, замбурӯғҳо, каду, шибит, себ ва олуи туршчатоб) доранд, истеъмоли онҳо дар як шабонарӯз 600-800 гр. тавсия карда мешавад.
  • Мева ва сабзавотҳое, ки дар 100 гр. таркибашон 5-10 гр. карбигидратҳоро доранд (сабзӣ, лаблабу, занҷабили булғорӣ, лӯбиёгиҳо, мандарин, афлесун, грейфрут, тарбуз, олуча, зардолу, харбуза, себу олуи ширин, нок, шафтолу, тамашқ, қот) доранд, истеъмоли онҳо дар як шабонарӯз 200 гр. тавсия карда мешавад. Мева ва сабзавотҳое, ки дар 100 гр. таркибашон зиёда аз 10 гр. карбигидратҳоро доранд (ананас, банан, анор, олуча, анҷир, хурмо, гелос, ангур, мавиз, ғӯлинг) доранд, истеъмоли онҳо тавия дода намешавад. Шӯлаҳо аз ярмаи марҷумак, ҷавин, ҷави русӣ, лӯбиёгиҳо.
  • Таом ва гарнирҳо аз карами сафеду ранга, каду, боимҷон, замбурӯғҳо тавсия карда мешавд, ки 50 гр. ярмаи марҷумак ва ҷави русӣ(овсянка) дар як рӯз истеъмол карда шавад. Картошка бо назардошти меъёри карбонгидратҳо. Карбонгидратҳо ҳамчунин дар сабзӣ, лаблабу, нахӯди сабз ба ҳисоб гирифта мешаванд. Истеъмоли озодона - карами сафед, тиррак, каду, салат, бодиринг, помидор, боимҷон. Сабзавотҳо дар шакли хом, ҷӯшонидашуда, пухташуда ва дода мешаванд. Хӯришҳо - винегрет, салат аз сабзавоти тару тоза, шакароби сабзавотӣ, тиррак, шӯрмоҳии беравған, гӯшт ва моҳӣ дар шакли яхнӣ, салат аз маҳсулоти баҳрӣ, панир. *Буттамева ва меваҳои тару тоза бо миқдори ками карбонгидратҳо, желе, самбук, компот, конфетҳо бо ивазкунандаи қанд.
  • Нӯшокиҳо: чой, қаҳва бо шир, шарбатҳои беқанди мевагӣ ва буттамевагӣ. Шарбати аз меваҳои туршу ширин, компот.
  • Равғанҳо: танҳо равғани маска ва равғани растанӣ тавсия дода мешавад.

Реҷаи истеъмол ва таъин намудани хeрок: 5-6 бор дар як рӯз.

  • Истеъмоли чунин озуқавориҳо тавсия дода намешавад (манъ аст):

1.Карбогидратҳои тез ҳазмшаванда: қанд, конфета, шаколад, мураббо, асал, ангур, банан, мавиз. 2. Махсулотҳои равағандор: - нонҳои равғанин ва варақин; - пиёбаҳои равғанин, шӯрбоҳои шир бо ярмаи биринҷ, лапша; - гӯшти равғанин, мурғобӣ, ғоз, моҳии равғанин, тухми моҳӣ, ҳасибҳо; - равғанҳои кулинарӣ. 3. Истеъмоли маҳсулотҳои: - бирёнкардашуда, шӯр, тез; - хӯрокиҳои дуддодашуда; - консерваҳо; - панирҳои ширини творогӣ, саршири равғаннокияш баланд; - алкагол; - шарбатҳои қанд иловакардашуда, шарбати ангур ва ғайра. Тибқи маълумотҳои солҳои охир ба беморони грифтори диабети қанд чунин парҳез тасдиқ шудааст: 1. Ғизо бо миқдори физиологии сафеда, чарб ва карбогидратҳо, бо иловаи витаминҳо ва моддаҳои минералӣ, ҳамчунин бо назардошти нахҳои ғизоӣ (мева, сабзавот). 2. Қанди озод дароварда намешавад, миқдори намаки ошӣ 6-8 гр., истеъмоли маҳсулотҳои бирёнкардашуда, шӯр, тез, хӯрокиҳои дуддодашуда. 3. Ҳарорати таомҳо 55-600С, таомҳои хунук на паст аз 150С. 4. Миқдори моеъҳо 1,5-2 л, реҷаи ғизогири 4-6 бор дар як рӯз. 5. Таркиби кимёвӣ: сафеда 85-90 гр. (ҳайвоноти 40-45 гр.), карбогидратҳо 300-350 гр. (моно- ва дисахаридҳо -50-60 гр.), чарбҳо 85-90 гр. (растанигӣ 40-45 гр.), калорияи ратсион 2170-2480 ккал. Яке аз масъалаҳои муҳими ғизогирии беморони гирифтори диабети қанд ин паст намудани вазн мебошад (80% онҳо ба ин ҳолат дучоранд). Барои чунин беморон В.Г.Баранов парҳези калория камдоштаро (1760-1800 ккал) пешниҳод кардааст. Таркиби кимёвии ин парҳез: сафеда 113 гр., карбогидратҳо 120 гр., чарбҳо 92 гр., калорияи ратсион – 1760 ккал. Аз сабаби он, ки ин парҳез миқдори ками равғанро дар бар мегирад ба бемор витаминҳои А ва Д тавия карда мешавад. Баъд аз паст шудани вазн (4-5 кг 4 ҳафта) баъди 1 моҳ ба хӯрок 5 гр. равған ва 5 гр. нон ва баъд аз 1 моҳи дигар ҳамингуна илова дароварда мешавад. Агар пас аз 10 рӯзи аввали табобат гипергликемия ва глюкозурия бартараф карда нашавад, пас доруҳои пасткунандаи қанд дода мешаванд. Ба беморони ДҚНИ (намуди 2) ва бемории фарбеҳи тибқи фармони ВТ ФР аз 05.08.2003с. №330 варианти парҳези миқдори энергияи пасти ратсион (1300-1600 ккал) тасдиқ шудааст: 1. Миқдори чарби ҳайвонот маҳдуд шуда, ба ҷои он равғани растанӣ дароварда мешавад. Ҳамчунин ба нахҳои ғизоӣ (мева, сабзавот) аҳамият дода мешавад. 2. Қанди озод дароварда намешавад, миқдори намаки оши 3-6 гр., истеъмоли маҳсулотҳои бирёнкардашуда, шӯр, тез, хӯрокиҳои дуддодашуда. 3. Миқдори моеъҳо 0,8-1,5 л, реҷаи ғизогирӣ 4-6 бор дар як рӯз. 4. Таркиби кимёвӣ: сафеда 70-80 гр. (ҳайвоноти 40 гр.), карбогидратҳо 130-150 гр. (моно- ва дисахаридҳо -50-60 гр.), чарбҳо 60-70 гр. (растанигӣ 25 гр.), калорияи ратсион 1340-1550 ккал.

  • Хӯроки парҳезӣ барои беморони инсулин қабулкунанда

Тибқи маълумотҳои солҳои охир ба ин беморони диабети қанд варианти парҳези дорои сафедаи зиёд тавсия карда мешавад.

  • Тавсифи парҳези дорои сафедаи зиёд карда шуда:

1. Миқдори сафедаро зиёд карда, чарб ва карбогидратҳо (бештар аз ҳисоби намудҳои мураккаб) дар сатҳи тавсияҳои физиологӣ мебошад. 2. Намудҳои қанди озод маҳдуд карда мешавад. 3. Таом бо тарзи обпаз, дар буғ тайёркардашуда ё буғкардашуда дар намуди кӯфта ё нокӯфта. Миқдори намак 6-8 гр. 4. Ҳарорати таомҳо 55-600С, таомҳои хунук на пасттар аз 150С. 5. Таркиби кимёвӣ: сафеда 110-120 гр. (ҳайвонотӣ 45-50 гр.), карбогидратҳо 250-330 гр. (моно- ва дисахаридҳо -30-40 гр.), чарбҳо 80-90 гр. (растанигӣ 30 гр.), калорияи ратсион 2080-2690 ккал. Бояд қайд кард, ки на ҳамаи беморони инсулин қабулкунанда талаботи истеъмоли миқдори зиёди сафедаро доранд. Ин парҳез пештар ба беморони сироятии ориза дошта ва вайроншавии фаъолияти гурда мувофиқ аст.

  • Ба бемороне, ки дар ҳолати амбулатория табобат меёбанд бояд:

- миқдори истифодабарии карбогидратҳо доимӣ бошад. Баҳри гуногун намудани карбогидратҳои ратсион ҷадвали ивазкунии озуқавориҳо истифода бурда мешавад; - истеъмоли озукавориҳо (карбогидратҳо) бо мувофиқа аз қабули инсулин ташкил карда мешавад. Риоя накардани ин омил ба зиёд ё камшудани миқдори қанд дар хун мегардад. Дар ҳолати таҳдиди гипогликемияи диабет миқдори чарб то 30 гр., сафеда – 50 гр. кам карда шуда, карбогидратҳо 300 гр. (аз ҳисоби тез ҷаббидашавандаҳо) мебошад. Истеъмоли озуқавориҳое, ки барои диабети қанд тавсия дода нашудаанд, иҷозат дода мешавад. Рӯзи аввали баъди аз кома баровардан, фишурдаи мева ва сабзавот, компот, кисел бо тарзи васеъ тавсия дода мешавад. Рӯзи дуюм шӯрбоҳо, сабзавоту мева, сухари (нони қоқ) дар намуди кӯфта, ҷурғот дода мешавад. Аз рӯзи 5 сар карда таомҳои сафедадор: творог, моҳии ҷӯшонидашуда, омлет, гӯшт ва гӯшти паранда иҷозат дода мешавад. Аз рӯзи 10 - ум сар карда равғани озод (равғани маска ва растанигӣ) ба ратсион дароварда мешавад. Нишондоди хубҳискунии бемор дар ҳолати баландии қанди хун ғалатона мебошад. Хуб ҳис намудани бемор дар ҳолати ба танзим даровардани миқдори қанди хун ба вуҷуд меояд. Аз ин сабаб мунтазам назорат оиди паст намудани миқдори қанди хун то 1-2 ҳафта (хусусан ба занон ва ҳомиладорон) лозим мебошад.

  • Пешгирии бемории диабети қанд

Паст намудани вазни ҷисм >5 кг, чарби ратсион то 30% (кислотаҳои сершуда <10%), истеъмол намудани нахҳои ғизоӣ, машқҳои ҷисмонии мӯътадил >30 дақиқа дар як рӯз метавонанд миқдори бемории диабети қанди намуди 2-ро ду баробар кам намоянд.[1]

Манбаъ[вироиш]

1. Аминов С. Таъомҳои миллии тоҷикӣ //Душанбе, Ирфон, 1988с., 208саҳ. 2. Айлен Робертсон. Ғизо ва саломатӣ дар Аврупо//Москва, Вес мир, 2003с., 505саҳ. 3. Гурвич М.М. Парҳез барои саломатӣ//Москва, Легпромбытиздат, Москва, 1995с., 333саҳ. 4. Сасмсонов М.А. Дастур оиди диетологя//Москва, Медицина, 1981с., 686саҳ. 5. Сасмсонов М.А., Покровский А.А. Дастур оиди диетология//Москва, Медицина, 1992с., 460саҳ. 6. Холжиев В. Ошхонаи муосири миллии тоҷик//Душанбе, Ирфон, 224саҳ. 7. Эвенштейн З.М. Диетологияи маъмул//Москва, 1990с., 318саҳ. 8. Кородецский А.В, Крылов А.В. Диабет, пешгирӣ, ташхис ва муолиҷа// Москва,саҳ11-23. 9. Румянсева Т.Ёрии кулинарӣ барои диабетикҳо//Москва- Санкт-петербург, саҳ20-34

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. Хӯроки парҳезӣ барои беморони диабети қанд...


Бемориҳо
Нозология | Патогенез | Патология | Этиология | Бавосир | Бемории ғалаёни хун | Бемории шуоъӣ | Бемориҳои ангалӣ | Бемориҳои асаб | Бемориҳои кӯдакон | Бемориҳои вирусӣ | Бемориҳои ирсӣ | Бемориҳои касбӣ | Бемориҳои пӯст | Бемориҳои рӯҳӣ | Бемориҳои сироятӣ | Бемориҳои чашм | Бемориҳои зуҳравӣ