Чакан
Чакан ё Чакандӯзӣ — яке аз намудҳои санъати бадеӣ-амалӣ, ҳамчун шакли ҳунари бадеӣ яке аз навъи гулдӯзист. Чакан инчунин ҳамчун номи куртаи занона машҳур шудааст. Калимаи "чакан"-ро бо калимаҳои «чеканит», "чеканка"-и русӣ ва "чакома"-ву "чакомак"-и авестоӣ алоқаманд мекунанд. Дар ин маврид вобастагӣ ба нақшро дар назар доранд, яъне чакан - ин нақш аст. Вожаи «чакан»-ро фарҳангномаҳои мӯътабартарини куҳан,чун «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», "Мадор", «Рашидӣ», «Кашф» шарҳ додаанд. Ибтидоан дар кашидадӯзии аҷдодони қадими эронӣ нақши «салиб» нишони махсус буд. Он ифодагари ростию росқавлӣ, ифодагари чор унсури арбаъаи сабаби пайдоиши одаму олам мебошад. Агар дар ибтидо мардуми ориёӣ дар либосҳояшон танҳо нишони салибро истифода мебурда бошанд, бо гузашти айём ин нақш такмил ёфта, нақшҳои нав аз қабили давра, ифодакунандаи офтоб рамзи рӯшноию гармӣ, гулҳои ҳамешасабз - ифодаи садоқату эҳтиром ба сарзамини хеш ва монанди инҳо пайдо гардиданд. Аз ин рӯ, косагул (ба сурати офтоб) - нақши асосии чакан аст. Хамаи ин далели он аст, ки заминаҳо ва ҷанбаҳои гуногуни нақшҳои чакан ба заминаҳои хуршедпарастии ирониаслон иртибот дорад. Падидаи чакан дар фарҳанги тоҷикон бо водии Кӯлоб пайваста аст. Воқеан нақши чакан дар сӯзаниҳои Самарқанду Бухоро, Истаравшан, Дарвозу Ванҷу Вахёву Ғарм, дар нақшҳои лаби остину лаби домони тоҷикони Шуғнону Рӯшон низ акс ёфтаанд. Барои чакан аслан матоъҳои сафед, зард ва сурх истифода мегардиданд. Дар интихоби пилла ва ё худ абрешими матоъ низ аҳамияти хосса медоданд.
Сабт дар Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият
[вироиш | вироиши манбаъ]29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Маврикий баргузор гардид, чакан ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд.[1] Чакан як навъи гулдӯзии маъмул дар Тоҷикистон буда, он дар сомонаи ЮНЕСКО чунин муаррифӣ карда шудааст: «чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд».[2]
Дар шаҳри Кӯлоб чакандӯзӣ аз қадим ҳунари доимӣ буд. Дар Кӯлоб оилаҳои санъаткор, устоҳо ва чеварони авлодӣ хеле зиёд мебошанд. Яке аз чеварони машҳури авлодӣ Шоистамоҳ Ғиёева, ҳунари волои худро аз момои Оҳистамоҳ омӯхтааст. Чеварони кӯлобӣ ҳунари гулдӯзӣ ва чакандӯзиашонро асосан дар куртаю почаи чаканӣ, рӯймоли миён, тоқии чакан, бардеворӣ, рӯкӯрпагӣ, рӯгаҳворагӣ, таксарӣ, парда, салла (дастор) хуб нишон додаанд. Дар қадим куртаи чакан васеъ дӯхта мешуд, аммо бо гузашти солҳо нисбатан тангтар ва ба мӯди замона мувофиқ дӯхта мешавад. Куртаи чакани кӯлобӣ аз чакандӯзиҳои дигар манотиқ бо ранги баланди матоъҳо ва ресмонҳояш фарқ мекунад. Куртаю почаи чаканро аслан занҳо рӯзҳои ид, махсусан дар иди бостонии тоҷикон Наврӯз ба бар мекарданд. Асоси гулдӯзии чаканро шакли гулбандина ташкил медиҳад. Намудҳои маъруфи нақши чакан аноргул, аштак, барги бед, бодомак, каҷак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, думи товус, моҳу ситора, пойи гунҷишк мебошанд.[3]
Далелҳои ҷолиб
[вироиш | вироиши манбаъ]Бостоншиносони тоҷик якҷо бо гурӯҳе аз антропологҳои Русия дар ноҳияи Фархор пораҳои матоъи "Чакан"-ро пайдо карданд, ки ба қарнҳои II-III пеш аз мелод рост меояд.[4]
Сабтшавӣ дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО
[вироиш | вироиши манбаъ]Қобили зикр аст, ки пешниҳоди Тоҷикистон соли 2018 номинатсияи «Санъати чакандӯзӣ дар Тоҷикистон» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид шуд.[5]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. МУСОҲИБА ДАР МАВЗӮИ РӮЗ(тоҷ.). www.jumhuriyat.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд.
- ↑ Чакан – мероси фарҳангии ғайримоддии башарият(тоҷ.). iwww.vkd.tj/ (29 сентябри 2020). 21 октябри 2023 санҷида шуд.
- ↑ Чакандӯзӣ. 13 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
- ↑ http://www.ozodi.nym.ie/a/29687856.html(пайванди дастнорас)
- ↑ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. МУСОҲИБА ДАР МАВЗӮИ РӮЗ(тоҷ.). www.jumhuriyat.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд.