Чакандӯзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Чакан ё Чакандӯзӣ - яке аз намудҳои санъати бадеӣ-амалӣ, ҳамчун шакли ҳунари бадеӣ яке аз навъи гулдӯзист. Чакан инчунин ҳамчун номи куртаи занона машҳур шудааст. Калимаи "чакан"-ро бо калимаҳои «чеканит», "чеканка"-и русӣ ва "чакома"-ву "чакомак"-и авестоӣ алоқаманд мекунанд. Дар ин маврид вобастагӣ ба нақшро дар назар доранд, яъне чакан - ин нақш аст. Вожаи «чакан»-ро фарҳангномаҳои мӯътабартарини куҳан,чун «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», "Мадор", «Рашидӣ», «Кашф» шарҳ додаанд. Ибтидоан дар кашидадӯзии аҷдодони қадими эронӣ нақши «свастика» нишони махсус буд. Он ифодагари ростию росқавлӣ, ифодагари чор унсури арбаъаи сабаби пайдоиши одаму олам мебошад. Агар дар ибтидо мардуми ориёӣ дар либосҳояшон танҳо нишони свастикаро истифода мебурда бошанд, бо гузашти айём ин нақш такмил ёфта, элементҳои нав аз қабили давра, ифодакунандаи офтоб рамзи рӯшноию гармӣ, гулҳои ҳамешасабз - ифодаи садоқату эҳтиром ба сарзамини хеш ва монанди инҳо пайдо гардиданд. Аз ин рӯ, косагул (ба сурати офтоб) - нақши асосии чакан аст. Хамаи ин далели он аст, ки заминаҳо ва ҷанбаҳои гуногуни нақшҳои чакан ба заминаҳои хуршедпарастии ирониаслон иртибот дорад. Падидаи чакан дар фарҳанги тоҷикон бо водии Кӯлоб пайваста аст. Воқеан нақши чакан дар сӯзаниҳои Самарқанду Бухоро, Истаравшан, Дарвозу Ванҷу Вахёву Ғарм, дар нақшҳои лаби остину лаби домони тоҷикони Шуғнону Рӯшон низ акс ёфтаанд. Барои чакан аслан матоъҳои сафед, зард ва сурх истифода мегардиданд. Дар интихоби пилла ва ё худ абрешими матоъ низ аҳамияти хосса медоданд. Дар шаҳри Кӯлоб ин ҳунар ҳунари доимӣ буд. Дар ҳар замон ба рушди он шахсиятҳо саҳм мегузоштанд. Дар тараққӣ ва муаррифии ин ҳунари амалӣ-бадеӣ саҳми Корманди Шоистаи Тоҷикистон шодравон Қурбон Зардаков (нимаи дуюми асри XX) ниҳоят калон аст. Дар шаҳри Кӯлоб оилаҳои санъаткор, устоҳо ва чеварони авлодӣ хеле зиёд мебошанд. Яке аз чеварони машҳури авлодӣ Шоистамоҳ Ғиёева, ҳунари волои худро аз момои Оҳистамоҳ омӯхтааст. Чеварони кӯлобӣ ҳунари гулдӯзӣ ва чакандӯзияшонро асосан дар куртаю почаи чаканӣ, рӯймоли миён, тоқии чакан, бардеворӣ, рӯкӯрпагӣ, рӯгаҳворагӣ, таксарӣ, парда, салла (дастор) хуб нишон додаанд. Дар қадим куртаи чакан васеъ дӯхта мешуд, аммо бо гузашти солҳо нисбатан тангтар ва ба мӯди замона мувофиқ дӯхта мешавад. Куртаи чакани кӯлобӣ аз чакандӯзиҳои дигар манотиқ бо ранги баланди матоъ ва ресмонҳояш фарқ мекунад. Куртаю почаи чаканро аслан занҳо рӯзҳои ид, махсусан дар Наврӯз ба бар мекарданд. Асоси гулдӯзии чаканро шакли гулбандина ташкил медиҳад. Намудҳои маъруфи нақши чакан аноргул, аштак, барги бед, бодомак, каҷак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, думи товус, моҳу ситора, пойи гунҷишк мебошанд.[1]

Далелҳои ҷолиб[вироиш]

Бостоншиносони тоҷик якҷо бо гурӯҳе аз антропологҳои Русия дар ноҳияи Фархор пораҳои матои "Чакан"-ро пайдо карданд, ки ба қарнҳои II-III пеш аз мелод рост меояд.[2]

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. Чакандӯзӣ
  2. http://www.ozodi.nym.ie/a/29687856.html