Чарлз Дарвин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Чарлз Дарвин
англ. Charles Robert Darwin
Таърихи таваллуд 12 феврал 1809(1809-02-12)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 19 апрел 1882(1882-04-19)[1][2][3][…] (73 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ зистшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: коршиноси ҳунар[d] (1832), магистри санъатҳо[d] (1837) ва доктори ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва каноникӣ[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Чарлз Ро́берт Да́рвин (англ. Charles Robert Darwin (tʃɑrlz 'dɑː.wɪn); 12 феврали 1809, Шрусбери — 19 апрели 1882, Даун, наздикии Лондон) — табиатшиноси ингилис, асосгузори таълимоти таҳаввулӣ дар бораи пайдоиши намудҳо бо роҳи интихоби табиӣ, доктори ифтихории донишгоҳҳои Бонн, Беслав, Лейден, аъзои Академияҳои илмҳои Петербург, Берлин ва Париж.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз кудакӣ то донишгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Чарлз Дарвин 12 феврали соли 1809 дар хонаводаи пизишки сарватманди аҳли Шурӯзпарӣ дар Шарапшире дар Инглистон дида ба ҷаҳон кушод. Ӯ панҷумин аз шаш фарзанди хонавода буд. Падараш Роберт Дарвин ва модараш Сузана Виҷвуд ҳар ду аз хонаводаҳои асилзодаи инглисӣ масеҳии юнитарин буданд.

Вақте ки Дарвин ҳашт сола буд модараш даргузашт. Як сол баъд ӯро барои таҳсил ба мадрасаи шабонарӯзи дар шаҳри Моҷавр фиристоданд. Пас аз хатми гимназияи классикӣ ба факултаи тиббии Донишгоҳи Эдинбург дохил шуд, вале баъди ду сол онро тарк карда, ба масъалаҳои геология ва зоология машғул гардид. Соли 1828 ба факултаи илоҳиёти Донишгоҳи Кембриҷ дохил шуда, солҳои донишҷӯӣ асарҳои Ҳомерро аз юнонӣ ба англисӣ тарҷума намуд.

Ҷаҳонбинии Дарвин[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба ташаккули ҷаҳонбинии Дарвин осори илоҳиётшинос В. Пэйли «Исботи масеҳият», «Фалсафаи ахлоқ» ва «Илоҳиёти табиӣ» ва бахусус ақидаҳои табиатшиносии Н. Генсло, геологҳо Ч. Лайел ва А. Севчик таъсири зиёд расонданд. Соли 1831 Дарвин бо киштии «Бигл» ба сафар баромада, аз Бразилия, Аргентинаи Ҷанубӣ, Уругвай, Чили ва дигар сарзаминҳо барои пажуҳиши минбаъдаи худ оид ба зоология, ботаника, геология, минералогия, антропология, ҷуғрофиё ва ғайра маводди илмӣ ҷамъоварӣ кард. Баъди панҷ сол аз сафар бозгашта, дар бораи сохтори геологии ҷазираҳои уқёнусҳои Ором, Ҳинд, соҳилҳои Амрикои Ҷанубӣ ва Чили китобе ба табъ расонид. Бозёфтҳои палеонтологӣ ва мушоҳидаҳои зоологии ӯ барои пайдоиши назарияи намудҳо нақши бузург бозидаанд.

Ибтидои назарияи таҳаввулӣ Дарвин[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарвин яке аз аввалинҳо шуда ба ин натиҷа расид, ки тамоми организмҳои зинда дар тӯли замон ба таҳаввулот дучор мегарданд. Асари асосии Дарвин «Пайдоиши намудҳо аз тариқи интихоби табиӣ, ё Бақои наслҳои мусоид зимни мубориза барои ҳаёт» (1859) аст, ки дар он пайдоиши навъҳои рустанию ҳайвонот, сабабҳои инкишоф ва ба муҳити атроф мутобиқ шудани онҳо баррасӣ шудааст. Дар «Пайдоиши инсон ва интихоби ҷинсӣ» (1871) ва «Ифодаи эҳсосоти инсон ва ҳайвон» (1872) масоили антропогенезро ба миён гузошта, таҳаввулоти тадриҷии инсонро собит намуд. Таълимоти Дарвин оид ба пайдоиши намудҳо дар илм табаддулоти ҷиддӣ ба вуҷуд оварда, таҳаввулоти аз шаклҳои сода ба мураккаб гузаштани олами органикиро нишон медиҳад. Дарвин то охири умр ба масъалаҳои ирсият ва роҳҳои тағйирдиҳии он, таҳаввулоти ҳайвоноту рустаниҳо, селексияи ҳайвоноти хонагӣ, интихоби табиӣ ва сунъӣ машғул буд. Дарвин ҳамчунин муносибати намудҳои организми зинда ва шароити маҳаллии зисти онҳоро тадқиқ мекард. Ӯ дар бораи ҷаҳонбиниаш гуфтааст: «Ман ҳаргиз мулҳид набудаам, ба ин маънӣ, ки ҳаргиз ҳастии Худоро инкор накардаам, ҳарчанд ҷаҳонбинии ман бештар ба лоадриён наздик аст». Бо вуҷуди ин, баъзе мулоҳизаҳои Дарвин ӯро ҳамчун деист ва ҳатто атеист нишон медиҳанд. Таълимоти Д. дар бораи гуногунрангии биологӣ дар замони ҳаёташ аз ҷониби аксарияти табиатшиносони ҷаҳон дастгирӣ ёфт, дар ҳоле ки назарияи интихоби табиии ӯ ҳамчун механизми асосии таҳаввул танҳо солҳои 50-уми садаи XX, бо пайдоиши таълимоти назарияи синтетикии таҳаввул, мақбули илми ҷаҳонӣ гардид. Баъзе нукоти таълимоти Дарвин аз ҷониби илми генетика зери шубҳа гузошта шуд. Муосири Дарвин ва падари илми генетика Григор Мендел зимни таҳаввули назарияи таҳаввули Дарвин гуфт, ки махсусиятҳои фардии ҳар мавҷуд бидуни тағйирот ҷовидон боқӣ мемонанд ва ҳаргиз ҳеч маймуне ба одам табдил наёфтааст ва ҳеч одаме аз маймун пайдо нашудааст, зеро ҳар кадом генҳои хоси худро доранд, ки тағйирнопазиранд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарвин бо нишони тилоии Ҷамъияти шоҳии Лондон (1864) ва нишони Пруссия (1867) сарфароз гардонида шудааст.

Бузургдошт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамчунин ба номи Дарвин мавзеъҳои ҷуғрофӣ (ҷазирае дар галаҷазираҳои Галапагос, шаҳр дар шимоли Австралия, вулқон дар ҷазираи Исабелла), ҳайвоноти нодир (нанду, нотура, арзамӯрак, гамбуск), рустанӣ (танобча), ду танура (яке дар Моҳ ва дигаре дар Миррих) номгузорӣ шудаанд.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Сочинения. Том 1-9. М.-Л., 1935-59.
  • Воспоминания о развитии моего ума и характера. М., 1957.
  • Происхождение видов путём естестАдабиётвенного отбора. СПб, 1991.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Памяти Дарвина. М., 1910;
  • Некрасов А. Д. Дарвин Ч. М., 1957;
  • Философский энциклопедический словарь. М., 1989;
  • Browne, E. Janet. Charles Darwin. London, 1995;
  • Bowler, Peter J. Evolution: The History of an Idea. University of California Press, 2003;
  • Van Wyhe, John. Darwin: The Story of the Man and His Theories of Evolution. London, 2008.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]