Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Чарлз Маккей

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Чарлз Маккей
Таърихи таваллуд 27 марти 1814(1814-03-27)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 24 декабри 1889(1889-12-24)[1] (75 сол)
Маҳалли даргузашт
Маҳалли дафн
Шаҳрвандӣ (табаият)
Таҳсилот
Навъи фаъолият шоир, рӯзноманигор, нависанда
Забони осор инглисӣ[3]
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Чарлз Маккей (англ. Charles Mackay, 27 марти 1814[1], Перт[d], Перт ва Кинросс[d] — 24 декабри 1889[1], Лондон) — шоири бритониёӣ, рӯзноманигор, муаллифи китобҳо ва таронаҳо.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Чарлз Маккей 27 марти соли 1814 дар шаҳри Перти Шотландия ба дунё омадааст. Модараш дере пас аз таваллуди ӯ вафот кард, падараш бошад дар пиёданизом хидмат намуда, баъдан афсари нерӯҳои дарёӣ буд. Чарлз дар Мактаби шоҳии Каледония дар Лондон ва сипас дар Брюссел таҳсил кардааст, вале қисми зиёди ҷавонии худро дар Фаронса гузаронидааст.

Соли 1834 ба Лондон омада, ба рӯзноманигорӣ машғул мешавад ва дар «Morning Chronicle» аз соли 1835 то 1844 фаъолият мекунад. Соли 1848 Маккей ба рӯзномаи «The Illustrated London News» ба кор мегузарад ва соли 1852 сармуҳаррири он мешавад.

Соли 1834 Чарлз маҷмӯаи «Таронаҳо ва ашъор»-ро нашр мекунад. Соли 1841 асари машҳуртарини худро дар бораи равоншиносии омма бо номи «Машҳуртарин гумроҳиҳо ва ҷунунҳои омма» (англ. «Extraordinary Popular Delusions and the Madness of Crowds») ба табъ мерасонад, ки ба як асари классикӣ табдил ёфтааст. Дар ин китоб ӯ падидаҳои гумроҳии дастаҷамъона, аз ҷумла «лолашиносӣ» (tulip mania) ва дигар навъҳои савдозадагиро таҳлил кардааст.[4][5] Инчунин аз зери қалами ӯ китоби «Таърихи Лондон» ва романи таърихӣ дар бораи Англияи қадим бо номи «Longbeard» (1850) баромадаанд[6].

Духтари ӯ Мэри Маккей ҳамчун нависанда бо тахаллуси Мария Корелли дар олами адабиёт шуҳрат ёфтааст.