Чаҳоршанбесурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Чоршанбесурӣ - яке аз ойинҳои марбут ба Наврӯз аст. Ин ҷашн аз гузашта то ба имрӯз дар тамоми манотиқи фалоти Эрон баргузор мегардид.

Аз замонҳои қадим то ба имрӯз дар охирин чаҳоршанбеи соли шамсӣ пеш аз Наврӯз мардуми ориёитабор маросим ва ҷашне доранд, ки онро "Чоршанбесурӣ" меноманд. Ин ҷашн аз гузашта то ба имрӯз дар тамоми манотиқи фалоти Эрон баргузор мегардид, ки бисёре аз навоҳии манотиқи Осиёи Марказӣ, бахусус Мовароуннаҳр низ дар ҳудуди он қарор дошт. Аз ин рӯ имрӯзҳо Наврӯзро қазоқҳо, қирғизҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо, тоторҳо, уйғурҳо ва дигарон, ки дар ин манотиқ зиндагӣ мекуннад, низ ҷашн мегиранд. Чунки ин мардумони гуногунзабон асосан дар домани фарҳанги эронӣ парвариш ёфтаанд. Тоҷикон, ки худ ориёитабор ҳастанд, яке аз қадимтарин мардуми Мовароуннаҳр буда, сокинони аслии ин минтақа мебошанд. Чоршанбесурӣ чун ҷашну маросими аслии онҳо то ба ҳол дар маҳаллоти мухталифи онҳо мавҷуд аст.

"Сафар гурехт"[вироиш]

Тибқи мушоҳидаҳои пажӯҳандагон маълум аст, ки то охири садаи нуздаҳ ва аввалҳои садаи бист ин ҷашну маросим дар манотиқи тоҷикнишини Мовароуннаҳр ба таври густурда роиҷ будааст. Ҳатто чоршанбесуриро бо ойинҳои моҳи сафар омезиш дода, баъдан онро марбут ба ин моҳ донистаанд. Он гуна, ки Муҳаммадраҳим Раҳимов, пажӯҳишгари тоҷик, дар китоби худ Тоҷикони кишоварз дар ҳавзаи рӯдхонаи Хингов то қабл аз инқилоб менависад, дар чоршанбеи охири соли моҳи сафар дар минтақаҳои Дарвоз, Рашт, Яхсу бегоҳӣ, пас аз ғуруби офтоб, гулхани оташро фурӯзон намуда, се бор аз болои он мепариданд, ки онро мардум чоршанбеи охири сол ва ё алавпарак меномиданд. Ба ин васила онҳо бовар доштанд, ки аз тамоми бемориҳо, нодориҳо, бадбахтиҳо ва гуноҳҳои дар соли кӯҳан ҷамъшуда худро пок месозанд. Онгуна, ки Николай Хаников, ховаршиноси рус, дар китоби худ "Шарҳи хонигарии Бухоро" менависад, дар садаи Х1Х ва авоили садаи ХХ ин маросимро тоҷикони Бухоро чоршамбеи суннӣ ва ё ба навиштаи Муҳаммадраҳим Раҳимов, пажӯҳишгари тоҷик, чоршанбе сурӣ меномиданд, аммо тоҷикони Косон, ба навиштаи Михаил Андреев, ховаршиноси рус, чоршабесурак меномидаанд. Ба навиштаи Сергей Толстов, ховаршиноси рус, миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ, масалан, ӯзбекҳои Косон ин ҷашнро сафар қоштӣ, сафар чиқдӣ, яъне сафар гурехт, сафар баромад, туркманҳо қара чорашамба, яъне чоршанбеи сиёҳ мегуфтанд. Тавре ки нависандаи ин сатрҳо аз пирамардон ва пиразанон борҳо шунидааст, дар солҳои 20-50 садаи бисти мелодӣ дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ин маросим дар байни тоҷикон роиҷ будааст.

Бегоҳии (шоми) чоршанбеи охири сол мардум дар майдонҳо, чорроҳҳо, кӯчаҳо оташ фурӯзон намуда, пиру ҷавон аз болои он се маротиба мепариданд ва баробари ҷаҳидан мегуфтанд:

Зардии ман аз ту, сурхии ту аз ман.

Равшан Раҳмонӣ:"Чаҳоршанбеи Суриро бояд эҳё кард"

"Чоршанбесурук"[вироиш]

Воҳид Асрорӣ ва Раҷаб Амонов, пажӯҳишгарони тоҷик, дар китоби Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик, чопи соли 1980, навиштаанд, ки дар баъзе ҷойҳо ҳамин ҳарфро ба ин тарз ёдовар мешуданд: Ранҷурию зардии ман аз ту, сурхию хуррамии ту аз ман, ки ин таъбирро дар байни аксари мардумони кишварҳои гуногуни эронитабор метавон мушоҳида кард. Ба назар мерасад, ки ҳоло ҳам дар байни мардуми Хатлон, Суғд, Бадахшон ва тоҷикони Ӯзбакистон маросимҳои аз болои оташ паридан, гирди оташ давр задан, хонаро тамиз кардан, ҳазориспанд дуд кардан, баргузор намудани маросими "Мушкилкушо" дар рӯз ва шаби чоршанбеи охири сол ба ҷо оварда мешавад. Пажӯҳандагон ёдовар мешаванд, ки "Чоршанбесурӣ" дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ бо номҳои аз ҳамдигар каме ё комилан тафовутдошта вирди забон мебошанд. Масалан, чоршанбеи охирон (дар водии Рашт ва Мастчоҳ), чоршанбеи сурук (дар Хуҷанд), сафаркоҷдӣ (дар вилояти Андиҷон). Ба навиштаи оқоён Асрорӣ ва Амонов, тоҷикони ноҳияи Косони Ӯзбакистон дар кӯчаҳо оташҳо фурӯзон намуда, аз болои он меҷаҳиданд ва зимнан мегуфтанд: алос-алос, аз куллӣ бало халос. Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Панҷакент, Бухоро, Самарқанд, дараи Яғноб ва аксари ноҳияҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна ҳоло ҳам дар арафаи чоршабесурӣ хонаро тамиз кардан, гирди оташдонро тоза намудан, оташ афрӯхтан, фол кушодан, ҳазориспанд дуд кардан, намак гирди сар гардондан, гиреҳ кушодан, кӯза шикасатан, чайнаку пиёлаи тарақрафтаро дур андохтан, оташбозӣ кардан ва амсоли ин ба назар мерасад. Бештари ин маросимҳо барои он сурат мегирад, ки инсон аз зиёну заҳмат, нопокӣ, бадбахтиҳои соли куҳан, номуродиҳои гузашта эмин бошад ва Наврӯзро бо хушӣ истиқбол намуда, дар соли нав тандурусту солим зиндагӣ кунад.[1]

Русумҳо дар оини зардуштӣ[вироиш]

Ҷашнҳо ва оинҳои афрӯхтани оташ дар манотиқи гуногуни Эрон дар шаби чаҳоршанбе сурӣ гоҳ се каппа оташ (ба нишонаи се панди бузург:

Андешаи нек, кирдори нек, гуфтори нек

Равшан Раҳмонӣ:"Чаҳоршанбеи Суриро бояд эҳё кард"

) ё ҳафт каппа оташ (ба нишонаи ҳафт амшоспанд) фароҳам мекунанд.

Қошуқзанӣ[вироиш]

Дар шаҳри мазкур “Чоршанбесурӣ” ба он тариқ аст, ки духтарон ва писарони ҷавон чодаре ба сар ва рӯи худ мекашиданд то шинохта нашаванд. Дар хонаи дӯстон ва ҳамсоягони худ рафта субҳона аз садои қошуқҳо, ки ба косаҳо мехурд ба дари хона омада ба косаҳои онон, оҷил чаҳоршанбесурӣ, ширинӣ, шакалот, нақл ва пул мерезанд. Сабабаш дар он аст, ки арвоҳи нек дар гузаштагон дар ростехези охири сол ба миёни зиндагон боз гашта ба шакли авӯфроде рӯяшон пушидааст ба хонаи бозмондагон сар мезананд.

Оҷили мушкилкушо[вироиш]

Дар гузашта пас аз поёни оташафрӯрзӣ аҳли хона ва хешовандон гирдиҳам меоянд ва охирин донаҳои наботи монанди: тухми ҳиндувона, тухми каду, паста, фандақ, бодом, нахуд, тухми харбуза, шоҳдонаро ки аз захираи зимистона боқӣ монда буд, Руйи оташи муқаддас ниҳода буданд ва онҳоро мехӯрданд. Онҳо бар ин бовари буданд, ки ҳаркасе аз ин маъҷун бихурад, ба афроди дигар меҳрубонтар гардида, кина ва рашк аз вай дур мегардад.

Чоршанбесурӣ дар шаҳрҳои Эрон[вироиш]

Афрӯхтани оташ дар маъобир ва хонаҳо фолкушои ва испанд дуд мекарданд. Дар шаҳрҳои Курдистони Эрон афрӯхтани оташ дар маъобир, кӯзашикастан ва фолкушоӣ, гиреҳкушоӣ ва ғайра комилан мутадовил аст ва тамоми он одобе, ки дар Теҳрон маъмул аст дар Қазвин ва Исфаҳон низ ривоҷ дорад. Дар Табрез оташ афрӯхта ба болои он мепариданд оббпошӣ аз боми хонаҳо бар сари албарин роиҷ аст, ки аз одоби давраи Сосонӣ буда ҳанӯз дар байни арманиён ва зардуштиёни Эрон маъмул аст. Дар радифи шаҳрҳои зикршуда боз дар дигар мавзеъҳои Эрон аз қабили Аҳвоз, Луристон бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Дар Амрико ва Аврупо ҷашни “чаҳоршанбесурӣ” таҷлил мешавад. Боиси нигаронӣ аст, ки имрӯз таваҷҷуҳи мардум ба ин ҷашни аҷдодӣ кам шуда истодааст.[2]

Бахткушоён[вироиш]

Яке аз суннатҳои аз қадим дар байни духтарони Бухорову Самарқанд ва баъзе маҳалҳои тоҷикнишин боқимонда ойини Бахткушоён мебошад. Маъмулан духтароне, ки дар солҳои гузашта дар зиндагӣ ба нокомиҳо дучор шуда бошанд, одатан назди мулло, фолбин, ё шахсони махсус рафта, барои дар соли нав ба муроди худ расидан аз онҳо дуъо мегиранд. Он гуна, ки пажӯҳишгарон Асрорӣ ва Амонов навиштаанд, дар Бухоро духтари бахташ баста, пас аз оташафрӯзӣ хокистари онро дар таги девор мерехт ва баъд ба пушти дари хонаи худ омада, тақ-тақ мекард ва аз дарун мешунид: Дарро кӣ мезанад? Духтар ҷавоб медод: Манам. Боз мепурсиданд: Аз куҷо омадӣ? ҷавоб медод: Аз арӯсӣ. Мепурсиданд: Бо худ чи овардӣ, мегуфт: Тандурустӣ. Садриддин Айнӣ, нависандаи маъруф, дар китоби «Ёддошт»-ҳои худ зимни тасвири Сайри Файзобод ва Иди Наврӯз ва Cайри ширбадан маросимҳо ва омодагиҳо ба ҷашни Наврӯзро ёдрас мешавад, ки бархе аз онҳо ойинҳое мебошанд, ки аслан марбут ба чоршанбесурӣ буда, ҳоло бо ин ном ифода намешаванд. Дар ноҳияи Сӯхи кишвари Ӯзбакситон, ки аҳолии он асосан тоҷикон мебошанд, қабл аз Наврӯз ба ҳолати оташдон таваҷҷӯҳ намуда, онро бо гили сафед тармим мекунанд. Ба навиштаи Урунбой Сӯфиев, пажӯҳишгари маҳаллӣ, мардуми ин минтақа хонатаконӣ карда, зарфҳоро шуста, ба тоқҳо мечинанд.

Баъдан ҳазориспандро, ки онҳо исириқ (isiriq) мегӯянд, дуд карда, ба чаҳор гӯшаи хона равон месозанд ва ин мисраъҳоро такрор мекунанд:

Исириқро дуд кун, балоҳоро дур кун, инсу ҷинси бади хеш, сӯзад дар оташи тез...

Равшан Раҳмонӣ:"Чаҳоршанбеи Суриро бояд эҳё кард"

"Ба рӯйи муборакат гардам"[вироиш]

Тавре ки пажӯҳанда Ӯрунбой Сӯфиев ёдрас мешавад: Рӯзи охири чоршанбеи қабл аз Наврӯз ҳама шустушӯ мекунанд ва мардон мӯй метарошанд, духтарон ва дӯшизагон мӯйи худро майдабоф (чил адад) мекунанд. Шомгоҳони он рӯз паридан аз болои оташ дар тамоми Сӯх марсум аст. Дар деҳоти Тӯл, Қалъача ва Ғазновӣ амали мазбурро "чоршанбесурӣ" меноманд.

Мардуми Сӯх ҳамзамон се оташ меафрӯзанд ва бо гуфтани ин суханон аз рӯйи оташ мепаранд:

Рӯйи пок аз туву домани пок аз мо, зиёну заҳматамоя афшондему сӯзондем.

Равшан Раҳмонӣ:"Чаҳоршанбеи Суриро бояд эҳё кард"

Пас ба даври гулхан ҷамъ омада, каф бар ҷониби оташ нигаронида, ба рӯй мекашанду мегӯянд:

Ба рӯйи муборакат гардам, зардиямро гиру сурхиятро бите!

Равшан Раҳмонӣ:"Чаҳоршанбеи Суриро бояд эҳё кард"

Яздонфар Раҷабӣ, пажӯҳишгар, дар мақолае ба номи Гиромидошти оташу об миёни сокинони ноҳияҳои Шаҳрисабзу Китоб, ки соли 1997 чоп шуд, менависад, ки ҳамин маросимро бо андаке тағйирот дар байни тоҷикони ноҳияҳои Шаҳрисабз ва Китоби Ӯзбакистон низ метавон дид. Пажӯҳандаи тоҷик Рӯзи Аҳмадов китоби кӯчаке зери унвони Наврӯзи хуҷастапай ба нашр расонд, ки дар он низ дар бораи расми чоршанбесурӣ дар манотиқи мухталиф ёдоварӣ шудааст.[3]

"Ситдуздӣ"[вироиш]

Дар Бадахшони Тоҷикистон мардум бегоҳии рӯзи чоршанбе ба тоза ва пок кардани хонаҳои маскунӣ ва асбобу анҷоми рӯзгор шурӯъ мекарданд. Марди хонавода барои таъмири дару девори хона аз ҷойи махсус хок меовард, ки ҳангоми овардани хок касе ӯро набояд бинад. Ӯ ин корро замоне мекард, ки пардаи торики шом атрофро фаро мегирифт ва ё субҳи барвақт буд. Дар баъзе ҷойҳо инро ситдуздӣ (гилдуздӣ) мегӯянд. Аз ин гил лойи мулоим омода карда, деворҳои аз дуд сиёҳгаштаи хонаҳоро андова ва сафед мекарданд. Баъд аз таъмир кадбону бо мадади фарзандони болиғ бо гарди орд, рӯйи девор, сутун, бархе аз тирчӯбҳои хонаро бо ҳар гуна нақшу нигор, ба мисли офтоб, маҳтоб, ситораҳо, пайи пои гӯсфанд ва ғайра оро медоданд. Ҳангоми покиза кардани хона ва ҷиҳозондани он ба хонаву ҳавлӣ даромадани шахсони бегона, ҳатто хешу табор низ, манъ мешуд. Дар бархе аз деҳоти ноҳияи Шуғнон, ки дар соҳили дарёи Панҷ воқеъ ҳастанд, дар он субҳ марде аз хонавода, дар канори хокрӯба, сиёҳии дуда, хокистари оташдон, ҳамчунин як ё ду кулча ва ситрахмро (гиёҳест, ки мардум ба он эътиқоди махсус доранд) гирифта, берун мебароянд. Кулчаро дар баландие барои раҳгузаре ё ҳамсоя чун садақа мегузоранд ва ситрахмро рӯи ҳавлӣ оташ мегиронад, то аз бӯяш ҷинсҳои нопок дур раванд ва ба хонавода фариштаҳо баракати солро ато кунанд ва хокистару сиёҳии дударо дар як гӯшаи заминаш рӯйи барф мепошанд, ки ба кишти аввал омода шавад. Дар ҳамин маврид бо он мард бояд касе дучор наояд. Чаро ки агар ӯ соҳиби ситораи саъд бошад, дучори ситораи наҳс нагардад.[4]

"Пичирумчшиканӣ"[вироиш]

Дар бархе аз маҳаллҳои Рӯшон ва Шуғнон ҳангоми пухтани баъзе аз ғизоҳои миллӣ бо номи бат-айём, хидир айём оғози меҳмониро, ки "пичирумчшиканӣ" меноманд, соҳиби хона ба ҷо меорад. Барои шурӯъи меҳмонӣ чунин рафтор мекунанд: Баробари дамидани субҳ соҳибхона аз утоқ берун баромада, пас аз чанд лаҳза дари хонаро мекӯбад. Кадбону мепурсад: — Кист аз паси дар? — Манам — ҷавоб медод мард. — Чӣ овардӣ? — Уштур ба қатор. — Бори уштурат чист? — Баракати Зебоку Ишкошим. Замоне минтақаҳои Зебок ва Ишкошим бо серҳосилӣ дар Бадахшон машҳур будааст, аз ин рӯ номи ин минтақаро чун макони серҳосилӣ ном мебаранд. Пажӯҳишгари маҳаллӣ Шакармамад Нисормамадов менависад, ки пас аз чунин саволу ҷавоб мард вориди хона мешуд ва шогунбаҳор муборак гӯён аҳли хонадонро табрик мекард ва занаш ба рӯйи шумо муборак гуфта, чун одат ба китфаш сафедии орд мепошид. Дар Бадахшони Тоҷикистон барои афрӯхтани оташ ду ҳафта қабл омодагӣ мегирифтанд. Дар ноҳияи Рӯшон алавпарак-ро Чоршанбеи сурак меномиданд. Барои иҷрои ин маросим дар деҳаи Ёгеди Дарвоз маросими дух-духи борро ба ҷо меоварданд. Тамоми шаб дар тамоми деҳа чароғ фурӯзон мемонд, аҳли деҳа хоб нарафта, мунтазири садои даъвати ҷавонон мешуданд. Пас аз он ки мардум ба гирди оташ даъват мегаштанд, бо навбат аз болои оташ мепариданд, то гуноҳе, ки дар бадали сол муртакиб шудаанд, дар ин оташи муқаддас бисӯзад ва пок шавад.[5]

"Балоҳо рад"[вироиш]

Оқои Нисормамадов ҳамчунин менависад, ки дар баъзе рустоҳои Шуғнон (деҳаи Сохчарв) қабл аз болои оташ ҷаҳидан ва ё аз гирди он давр задан мардум ба гиребон ё камар пораи матоъ ё ресмони сурх мебастанд ва ҳангоми аз гулхан ҷаҳидан тори мӯеро ба оташ партофта балоҳо рад ё рафъи балоҳо мегуфтанд. Ҳамин тавр, дар байни тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон нишонаҳои чоршанбесурӣ то ба ҳол боқӣ монда, дар шаклҳои гуногун иҷро мешавад, ки фолклоршиносону мардумшиносон, бахусус донишҷӯён, метавонанд баъзе аз нишонаҳои онро аз манотиқи зисти худ ҷамъ оваранд. Барои ин ҳар донишҷӯйи худшинос ва дилсӯзи фарҳанги бостонӣ ва миллии тоҷикон аз калонсолҳо дар бораи ойинҳои марбут ба Наврӯз пурсон мешавад ва онро аз дасти фаромӯшӣ наҷот медиҳад.[6]

Манбаъ[вироиш]

  1. Равшан Раҳмонӣ:"Чаҳоршанбеи Суриро бояд эҳё кард"
  2. Равшан Раҳмонӣ:"Чаҳоршанбеи Суриро бояд эҳё кард"
  3. Равшан Раҳмонӣ : "Чаҳоршанбеи Суриро бояд эҳё кард"
  4. Равшан Раҳмонӣ:"Чаҳоршанбеи Суриро бояд эҳё кард"
  5. Равшан Раҳмонӣ : "Чаҳоршанбеи Суриро бояд эҳё кард"
  6. Равшан Раҳмонӣ : "Чаҳоршанбеи Суриро бояд эҳё кард"