Чемпионати футболи Фаронса
Намуди зоҳир
Лига 1 | |
|---|---|
| (фр. Ligue 1) | |
| | |
| Таъсис | 1932 |
| Регион |
|
| Федератсия | УЕФА (Урупо) |
| Шумораи дастаҳо | 18 |
| Уровень в системе лиг | 1 |
| Мусобиқоти миллӣ |
Ҷоми Фаронса Суперҷоми Фаронса |
| Мусобиқоти байналмилалӣ |
Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА Лигаи Урупо УЕФА Лигаи Конфронси УЕФА |
| Ғолиби феълӣ | Пари Сен-Жермен (13) |
| Наиболее титулован | Пари Сен-Жермен (13) |
| Голзани бештарин | Делио Оннис (299) |
| Вебгоҳ | ligue1.com |
{{Чемпионати футболи Фаронса}}
Лига 1 (фр. Ligue 1, талаффузи фаронсавӣ: [liɡ œ̃]); инчунин чемпионати футболи Фаронса (фр. Le championnat de France de football) – лигаи касбии футбол, дивизиони олӣ дар системаи лигаи футболи Фаронса. Дар Лига 1, 18 бошгоҳи футбол ширкат мекунанд. Дастаҳое, ки ду зинаи охирини ҷадвалро ишғол мекунанд, ба дивизиони поёнӣ - Лига 2 меафтанд ва ду дастаи беҳтарини Лига 2 ҳуқуқи бозӣ дар Лига 1-ро мегиранд. Ҳамчунин дастаи 16-ум бо дастаи 3-юми Лига 2 барои боқӣ мондан дар Лига 1 рақобат мекунад. Номи расмии мусобиқа Лига 1 McDonald’s (фр. Ligue 1 McDonald’s) мебошад, зеро мусобиқа аз ҷониби ширкати амрикоии McDonald's сарпарастӣ мешавад.