Чилдухтарон (ёдгорӣ)
Ёдмон | |
Чилдухтарон — ёдгории бостонию меъмории мансуб ба қарнҳои 9-11, ки дар соҳили чапи Шаҳристонсой, ҷануби ғарбтари деҳаи Шаҳристон воқеъ аст. Солҳои 1960—1962 тадқиқ шуд.
Сохтмон
[вироиш | вироиши манбаъ]Чилдухтарон аз якчанд гурӯҳ иморатҳо (ибодатгоҳ, биноҳои иқоматию хоҷагӣ) иборат аст. Гурӯҳи якум бинои иқоматӣ ва масҷиди «Хурд»-ро дар бар мегирад. Масҷиди «Хурд» аз толори чоркунҷа (10×7,5 м) иборат буда, дараш рӯбарӯи меҳроб аст. Девори сангии меҳроб бо кошӣ рӯбаст гардидааст. Гурӯҳи дуюм суфаи тарафи шимоли шарқиро ишғол мекунад. Суфа бо девори санги мустаҳкам шудааст. Дар ду тарафи ҳавлӣ ду бинои алоҳида ҳаст. Гурӯҳи сеюмро хонаҳои масҷиди «Калон» ташкил медиҳанд. Он дорои толори васеъ аст. Девори ғарбии толор меҳроб дорад. Биноҳои ин гурӯҳ аз сангу хишти пухта сохта шуда, бомашон гунбадшакл аст. Аз қабри Чилдухтарон боқимондаи ду скелети одам ёфт шуд. Мақбара бештар новусро мемонад, ки дар замони тоисломӣ месохтанд. Ёдгориҳои Чилдухтарон дар ибтидои ҷоришавии дини ислом ба вуҷуд омадаанд. Гурӯҳи чорум дар қисми шимоли ғарби суфа ҷойгир шуда, аз биноҳои хоҷагӣ ва устохонаи калон иборат аст. Аз биноҳо зарфҳои сершумори сафоли (коса, пиёла, татабақ, табақча), маснуоти филиззи (лаълӣ, кӯза) ва дигар ашёи рӯзгор ёфт шуданд, ки онҳо аз дараҷаи баланди инкишофи фарҳанг моддии сокинони Истаравшан дар садаҳои миёна шаҳодат медиҳанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Чилдухтарон / Н. Неъматов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
- Негматов Н. Н., О работах Северо-Таджикистанского отряда в 1961 г., дар маҷм.: Археологические работы в Таджикистане, в. ІХ (1961 г.), Д., 1964.