Чингиз Бозкурт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Чингиз Бозкурт
тур. Cengiz Bozkurt
Cengiz Bozkurt ODTÜ'de.jpg
Ном ба ҳангоми таваллуд: Mehmet Cengiz Bozkurt
Санаи таваллуд: 24 декабр 1965(1965-12-24) (54 сол)
Зодгоҳ: Навшаҳр (Туркия), Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Карера: 1990-то ҳол
Самт: театр
телевизион
синамо
IMDb: ID 1892960
Commons-logo.svg Чингиз Бозкурт дар Викианбор

Чингиз Бозкурт (тур. Cengiz Bozkurt); тав. 24 декабри 1965, Навшаҳр, Туркия) — ҳунарпешаи театр, синамо ва телевизиони турк.

Зиндагинома[вироиш]

Чингиз Бозкурт 24 декабри соли 1965 дар шаҳри Навшаҳри мамлакати Туркия ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаи худро дар мактаби миёнаи Отатурки Анқара хатм кардааст. Маълумоти олии худро дар соҳаи физика дар ДТШН (Донишгоҳи техникии Шарқи Наздик) соли 1984 оғоз намуд ва соли 1990 тасмим гирифт, ки ҳунарпешаи театр шавад ва шӯъбаи физикаро тарк кард. Ҳамин ки ӯ донишгоҳро тамом кард, ба Англия рафт. Тӯли 14 соли саёҳати худ дар Англия, ӯ дар корҳои гуногун, ба монанди савдо, ронандагӣ, посбон кор кардааст.  Ӯ бо сабаби хуб донистани забони англисӣ, намояндаи иттиҳодияҳои хориҷиён дар Лондон шуд.

Чингиз соли 1996  маълумоти дуввуми олияшро дар риштаи "ВАО ва иртибот" дар Голдсмитс, Донишгоҳи Лондон, Бритониёи Кабир гирифтааст.  Дар ин бахш ӯ телевизион, синамо ва иртиботро омӯхт.  Пас аз хатм, ӯ ба сохтани филмҳои ҳуҷҷатӣ барои телевизион шурӯъ кард. Ӯ коргардони филмҳои кӯтоҳҳаҷм буд. Сафари ҳунарии худро дар Туркия оғоз карда, дар Бритониёи Кабир идома додааст.

Чингиз дар бисёр ҷаласаҳо дар Лондон ширкат варзидааст. Ӯ дар саҳнаҳои театр нақш бозидааст. Аз як тараф, ӯ барои телевизион филмҳои ҳуҷҷатӣ омода мекард. Ҳангоме ки ӯ дар театр кор мекард, мехост  ҳунарпешагиро тарк кунад ва таваҷҷӯҳ ба филмҳои ҳуҷҷатӣ кунад, дар он ҷо бо Меҳмет Эргенро, ҳунарманди дигари театри туркӣ дар Лондон вохӯрд.  Бо исрори Меҳмет Эрген ӯ тасмим гирифт, ки фаъолияташро идома диҳад. Баъдтар, таҳти роҳбарии Меҳмет Эрген, бо чор дӯсташ театре бо номи Театри Аркола таъсис доданд. Онҳо тавонистанд дар муддати кӯтоҳ номи Театри Арколаро дар Британияи Кабирро эълон кунанд.

Эҷодиёт дар синамо[вироиш]

Дар ҳоле ки Чингиз Бозкурт зиндагии худро ҳамчун ҳунарманд идома медод, ӯ инчунин филмҳои кӯтоҳ ба навор мегирифт.  Филмҳои кӯтоҳҳаҷми ӯ дар фестивалҳо намоиш дода шудаанд. Соли 2003 ар намоишномаи Kent Oyuncuları иҷрои хуб нишон доданд, ки роҳро ба сӯи Туркия боз намуд. Барои иҷрои ин намоиш онҳоро ба Истамбул даъват карданд. Бо ин бозӣ Бозкурт ба ватанаш баргашт, ки 14 сол аз Ватан дур буд.

Пас аз чанд иҷро, ӯро ба ҷоизаи ҳунарпешагӣ дар шӯъбаи театр пешниҳод намуданд. Пас аз ҳунарнамоиҳои бомуваффақаш дар театр, ӯ кор дар телевизион ва синаморо шурӯъ кард. 

Соли 2005 ӯ дар чор силсилафилм нақшҳои кӯтоҳро бозидааст: Kurşun Yarası, Kırık Kanatlar, Körfez Ateşi, Seni Çok Özledim.

Соли 2006 низ дар силсилафилмҳо нақши ноаёнро бозидааст. Ва билохира ӯро ба филми амрикоии The Net 2.0 даъват намуданд, ки ӯро ҳамчун ҳунарпешаи синамо каме муаррифӣ намуд. Дар ин филм ҳунарпешаҳои маъруф Шабнам Донмез ва Никки Делоач низ ҳунарнамоӣ намудаанд. Соли 2011 дар силсилафилми Лайлӣ ва Маҷнун нақши Эрдал Баккалро бозид, ки шӯҳрати ӯ аз марзҳои Туркия гузашт. Иҷрои ӯ аз тарафи бинанда ва мунаққидон баҳои аъло гирифтааст. Соли 2018 нақши марказиро дар силсилафилми Jet Sosyete ҳамчун Чингиз Озпамук бозидааст.

Соли 2020 инчунин нақши асосиро дар силсилафилми Ҷавонӣ ёдат ба хайр (Gençliğim Eyvah), дар нақши Ориф Осмалӣ бозидааст, ки қаҳрамони ӯ дар ҷавонияш як рӯзро бо сайёҳи итолиёвӣ мегузаронад, тасвир мекунад. Сайёҳи итолиёвӣ ҳомиладор мешаваду писар ба дунё меорад. Писараш Зола (Бурак Тозкопаран) баъди бузург шудан ба Туркия барои пайдо намудани падараш меравад[1]. Силсилафилм дар шабакаи atv пахш шудааст.

Филмнома[вироиш]

Филмҳо
Сол Номгӯй Нақш Коргардон
2019 Cinayet Süsü Комисар Солеҳ Алӣ Атай
2018 Mutluluk Zamanı Ториқ Шенол Сонмез
2016 Sen Benim HerŞeyimsin Бирол Толга Орнек
2016 Küçük Esnaf Фахриддин Бедран Гузел
2015 İyi Biri Мизроб Айҳан Сонюрак
2015 Kara Bela Қудрат Бурак Аксак
2015 Bana Masal Anlatma Nafi Бурак Аксак
2014 Pek Yakında Суат Ҷем Йилмаз
2013 Sen Aydınlatırsın Geceyi Дев Онур Унлу
2013 Eyyvah Eyvah 3 Ташкилотчӣ Ҳоқон Алгул
2012 Uzun Hikâye Мустаҳдем Усмонӣ Синав
2012 Öz Hakiki Karakol Ҳасан Иброҳим Гулар
2012 Kod Adı Venüs Одамос Тамер Ғариб
2012 Takip: İstanbul Синир Оливиер Мегатон
2012 Can Фавзӣ Рашид Челикезер
2012 Vücut Йилмаз Мустафо Нурӣ
2012 Berlin Kaplanı Эмракчӣ Тайяр Ҳоқон Алгул
2011 Celal Tan ve Ailesinin Aşırı Acıklı Hikayesi Ҳаққӣ Онур Унлу
2010 Kaybedenler Kulübü Ронандаи таксӣ Толга Орнек
2010 Ay Lav Yu Садо Сермиян Мидят
2008 Kavşak Ведот Самир Дамирделен
2008 Gökten Üç Elma Düştü Мафия Рашид Челикезер
2008 Gitmek: My Marlon And Brando Озод Ҳусейн Қарабой
2008 For a Moment, Freedom Раиси ҳотел Ораш Т. Рёҳӣ
2008 Devrim Arabaları Эндар Толга Орнек
2007 Taş Yastık Фотеҳ Ҳоҷиусмоноғлу
2007 Pazar - Bir Ticaret Masalı Ҳасан Бен Ҳопкинс
2007 Yumurta Семиҳ Каплоноғлу
2006 The Net 2.0 Маъмури полис Чарлз Винклер
Силсилафилмҳои телевизионӣ
Сол Номгӯй Нақш Коргардон
2021 50m2 Салчуқ Айдамир
2020- Kuzey Yıldızı İlk Aşk Ҷавҳар Эрсой Гулер
2020-идома дорад Gençliğim Eyvah, (Ҷавонӣ ёдат ба хайр) Ориф Осмалӣ Дениз Йилмаз
2020 50m2 Салчуқ Айдамир
2018-2020 Jet Sosyete Чингиз Озпамук Ҳоқон Алгул
2016 Hangimiz Sevmedik Шенер Йешил Матин Балекоғлу
2016 Geldim Gördüm Güldüm Чингиз Канбазоғлу Ҳоқон Алгул
2015 Kocamın Ailesi Диловар Шафақ Бал
2014 Hom Ofis Ҳамдӣ Эмре Кавук
2013 Sevdaluk Мухтор Алӣ Юксел Аксу
2013-2014 Aramızda Kalsın Халил Гузида Балҷӣ
2013 Ben de Özledim Чингиз Онур Унлу
2011-2013 Leyla ile Mecnun (Лайлӣ ва Маҷнун) Эрдал Баккал Онур Унлу
2007 Sevgili Dünürüm Усмон Ҳоқон Алгул
2006-2009 Parmaklıklar Ardında Акрам Ҳоқон Гуртоп
2006 Karagümrük Yanıyor Сидқӣ
2006 Ezo Gelin Дурон
2005 Seni Çok Özledim Серҳан Эртурч Дилек Гокчин
2005 Körfez Ateşi Шафақ Баккалбашиоғлу
2005 Kırık Kanatlar Шараф
2005 Kurşun Yarası Саъдулло Селен

Ҳамчун коргардон дар театр[вироиш]

  • Kumarbazın Seçimi : Патрик Марбер - Театри Kent Oyuncuları - 2006

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Иқтибосҳо[вироиш]