Чориев Умедулло

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Чориев Умедулло
Умедулло Чориев
Таърихи таваллуд: 20 апрел 1951(1951-04-20) (69 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: физика
Ҷойҳои кор: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Алма-матер: Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Умедулло Чориев (тав. 20.04.1951, ноҳияи Рӯдакӣ), риёзидон, номзади илмҳои физика ва математика (1983), дотсент (1986).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1966–1971 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил карда, онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1971–1972 афсари Артиши Шӯравӣ, 1972–1974 ассистенти кафедраи назарияи ададҳо ва математикаи ҳисоббарории донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1974–1978 аспиранти Донишкадаи омӯзгории ш. Владимири РСФСР буд. Солҳои 1978–1986 ҳамчун муаллими калон, 1986–1993 дотсент, 1993–1999 мудири кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои донишгоҳи омӯзгорӣ кор кардааст. Аз соли 1999 дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Оид ба ҷамъи вазифаҳои мултипликативӣ бо он ададҳое, ки тақсимкунандаи содаашон дар интервалҳои муайян мехобанд кори, илмӣ бурдааст. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва дастурҳои таълимиву методӣ мебошад.

Осор[вироиш]

Эйнштейн Ин мақолаи нопурра дар бораи олим мебошад.
Шумо метавонед бо пурра кардани ин ба Википедия кумак кунед.