Чуқурак (деҳа, н. Ҳисор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Деҳа
Чуқурак
Кишвар

Тоҷикистон

Вилоят

НТҶ

Ноҳия

Ҳисор

Ҷамоат

Деҳоти Мирзо Ризо

Забони расмӣ

тоҷикӣ

Аҳолӣ

2214 нафар (2017)

Ҳайати миллӣ

тоҷикон

Ҳайати динӣ

мусулмонони ҳанафимазҳаб

Коди телефон

+992 3139

Нишонаи почта

735020

Коди мошин

TJ07

Чуқурак деҳа дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор. Аз Чуқурак то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 17 км. Аҳолиаш 2214 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Мардум[вироиш]

Чуқурак солҳои 1912-1913 аз ҳисоби муҳоҷироне, ки аз қишлоқҷойҳои Ӯртабуз ва Сангтеппаи вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон омадаанд, бунёд ёфтааст. Аввалин бунёдгузорони Чуқурак Носир Мингбошӣ ва Тош Хӯҷаин будаанд. Баъди ташкил шудани хоҷагии коллективӣ (колхоз) аввалин раисҳои хоҷагӣ дар Чуқурак Кенҷаев Ҷумъа ва бародари ӯ Кенҷаев Ашӯр будаанд[2].

Иқтисод[вироиш]

Ҳоло мардум ба боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул аст ва дар хоҷагии «Баракати чорводор» кор мекунанд. Дар Чуқурак мактаби асосӣ, масҷиди панҷвақта, бунгоҳи тиббӣ ва 4 мағозаю дӯкон мавҷуд аст[2].

Эзоҳ[вироиш]

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. 2.0 2.1 Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 648