Чӯянрезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Чӯянрезӣ (порсӣ: چوینریزی ) – яке аз навъҳои анъанавии касби рехтагарӣ. Коркарди фулузот дар байни мардуми тоҷик аз давраҳои қадим оғоз ёфтааст, ки муаррихон ва бостоншиносон аз дарёфти маснуоти биринҷиву оҳанӣ ва чӯянӣ маълумоти мушаххас додаанд.

Чунончи, бостоншинос Б.А. Литвинский дар бораи деги чӯянии аз деҳаи Чоркӯҳ ба даст омада маълумот додааст, ки он бозёфт ба асрҳои III-V тааллуқ дорад. Дар асри ХIХ чӯянрезӣ дар шаҳрҳои калони Осиёи Марказӣ нисбат ба садсолаҳои пешин бештар рушд ёфт. Яке аз навъҳои чӯянрезӣ дар байни тоҷикон дегрезӣ мебошад, ки то ба солҳои 30-юми асри ХХ маъмул буд. Дар шаҳрҳои тоҷикон гузарҳои махсуси Дегрезон ё Дегрезӣ мавҷуд буданд, ки дар онҳо устоҳои дегрез зиндагӣ ва фаъолият мекарданд. Масалан, дар гузари Дегрезии шаҳри Бухоро 19 дукони фурӯши маҳсулоти чӯянӣ ҷойгир шуда буд. Дар гузари Дегрезони Истаравшан, мувофиқи маълумот соли 1886, 25 оила зиндагӣ мекард, ки аксари онҳо корхонаҳои хурди чӯянрезӣ ва дуконҳои фуруши маснуоти чӯянӣ доштанд. Дар Қаратоғи тоинқилобӣ (асосан, то ба зилзилаи с. 1907) устоҳои дегрез фаъолият мекардаанд. Дар солҳои баъдӣ дегрезӣ барҳам хӯрда, устоҳо ба рехтани офтобаву оҳани ҷуфт машғул мешаванд. Дар Конибодом дегрезҳо инчунин ба корҳои калобаҷӯшонӣ ё ҷӯшгарӣ низ машғул мешуданд. Чӯянрезон ба ҷуз аз навъҳои дег инчунин офтобаву зарфҳои дигар, чароғ, манқал, зангӯла, поза ё оҳани ҷуфт, ҳалқа барои чархҳои ароба ва ғайра истеҳсол мекарданд. Махсусан, то ба маъмул шудани чароғҳои карасинӣ истеҳсол ва фурӯши чароғҳои пилтагии чӯянӣ яке аз корҳои асосии чӯянрезон ба шумор мерафт. Кори чӯянрезӣ заҳмати зиёдро талаб мекард. Дар корхонаҳои Бухоро рехтани чӯян ба қолибҳо моҳе ду маротиба, шаш бор дар як сол анҷом дода мешуд. Дар фосилаи байни чӯянрезӣ рехтагарҳо ба тайёр кардани қолибҳои даркорӣ ва дигар корҳои омодагӣ ба чӯянрезии навбатӣ машғул мешуданд. Қолибҳои маснуоти чӯянӣ дар рег сохта мешуданд ва ба онҳо чӯяни гудохташударо мерехтанд. Барои маснуоти одӣ ва дурушт, ба монанди позаи ҷуфти гов, аз реги сиёҳ ва барои маснуоти нозуку мураккаб аз реги сурх истифода мебурданд. Баъд аз сард ва сахт шудани маснуот онро гирифта, дар чарх ҷойҳои дамидаву барҷаста ва нолозимашро ҳамвор мекарданд. Маснуоти нозукро бо сӯҳон соида, ҳамвору ҷилодор менамуданд. Маҳсулоти хоми чӯянгарӣ аз чӯянпораҳо иборат буд, ки онро аз Русия меоварданд. Чӯянро дар дегҳои калони бо гили ба оташ тобовар андудашуда андохта, дар оташи ангишт об мегудохтанд. Дамгарҳо беист ба алангаи ангишт бо парраҳои калон бод дода, оташро фурӯзон нигоҳ медоштанд. Дар ибтидои асри ХХ корхонаҳои чӯянрезии Бухоро ба мануфактураҳои аврупоӣ монанд шуда буданд. Ҳамаи корҳоро дар онҳо коргарони кироя иҷро мекарданд, соҳиби корхона дар раванди истеҳсоли маснуот тамоман иштирок намекард, ӯ танҳо ба тиҷорату савдои маснуоти чӯянӣ машғул буд. Баробари рушди соҳаи металлургия дар ҷумҳуриҳои шӯравии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, касби чӯянрезии анъанавӣ тадриҷан аз байн рафт.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 65 - 67.