ШСХК «Барқи Тоҷик»
Навъ | ширкати тиҷорӣ ва ширкат[d] |
---|---|
Таъсисёбӣ | 1993 |
Макон | |
Сайт | barqitojik.tj |
«Барқи Тоҷик» — ширкати саҳҳомии холдингии кушода (ШСХК).
Таърихи таъсис
[вироиш | вироиши манбаъ]Яке аз калонтарин ширкатҳои энергетикии Тоҷикистон, ки июли 1992 дар заминаи Саруправленияи энергетика ва электрикунонии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон («Тоҷикглавэнерго») таъсис ёфтааст. То с. 2001 Ширкати давлатии саҳҳомии холдингии «Барқи Тоҷик» ном дошт. Соли 2001 ба ШСХК «Барқи Тоҷик» табдили ном кард. 25 окт. 2000 Вазорати энергетикаи ҶТ таъсис ёфт ва 19 январи 2004 ШСХК «Барқи Тоҷик» ба дастгоҳи марказии Вазорати энергетика шомил карда шуд. Марти 2006 Дастгоҳи марказии ШСХК «Барқи Тоҷик» аз Дастгоҳи марказии Вазорати энергетика бароварда шуд ва боз мустақил гардид. Ширкат асосан истеҳсол, интиқол, таҳвил, тақсимот, азнавтабдилдиҳӣ ва фурӯши барқу гармиро ба амал мебарорад. «Барқи Тоҷик» ба мақомоти марбутаи давлатӣ дар бораи коркард ва такмили самтҳои зерин пешниҳодҳо менамояд:
- оид ба қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳо барои таъминоти бехатарии истеҳсолот, интиқол, таҳвил, тақсимот ва фурӯши барқу гармӣ, захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ;
- оид ба сиёсати нарх, тариф, сиёсати инвеститсионӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникӣ дар энергетика;
- оид ба тартиби иҷозатномадиҳӣ барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи энергетика ва ғ. ШСХК «Барқи Тоҷик» дар асоси ҷорӣ кардани технологияи пешқадам барои афзудани самаранокии фаъолият чораҳо андешида, ҷараёни рушди бемайлони эҳтиёҷот ва дархост ба нерӯи барқу гармиро меомӯзад.
Сохтор
[вироиш | вироиши манбаъ]11 ҷамъияти саҳҳомӣ, корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳои барқии пойхтахт ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ (Истаравшан, Панҷакент, Кӯлоб, Турсунзода, Ёвон, Данғара, Исфара) тобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» мебошанд.
Харидории неруи барқ аз НБО
[вироиш | вироиши манбаъ]Қарзи ширкати “Барқи тоҷик” ба неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 543 млн сомонӣ зиёд шуда, то 30 сентябри соли 2024 ба 3 млрд 530 млн сомонӣ (беш аз 331 млн доллар) расид. Дар ин бора дар иттилоияи ҶСК “НБО Сангтӯда-1” хабар дода мешавад.
Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ неругоҳ ба ширкати “Барқи тоҷик” дар ҳаҷми 2137 млн кВт/соат барқ додааст, ки 41 млн кВт/соат зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Коэффисиенти истифодаи иқтидори муқарраршудаи неругоҳ дар зарфи 9 моҳи ҳамин сол 48,8%-ро ташкил додааст. Ғайр аз ин, “Барқи тоҷик” аксар вақт наметавонад маблағи ҳамин ҳаҷми барқро ҳам пардохт кунад. Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2024 аз ҷониби ҶСК “Барқи тоҷик” 32% аз арзиши неруи барқи интиқолёфтаро ташкил медиҳад.[1] Read more:
Харидори ягонаи барқи ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ширкати “Барқи тоҷик” мебошад. Мутаносибан, истеҳсоли барқ дар ҳаҷми аз ҷониби ин ширкат муқарраршуда истеҳсол мешавад.[2]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ www.asiaplustj.info. Қарзи “Барқи тоҷик” ба неругоҳи “Сангтӯда-1” ба беш аз 331 млн доллар расид(тоҷ.) (28 октябри 2024). 10 Декабри 2024 санҷида шуд.
- ↑ www.asiaplustj.info. Қарзи “Барқи тоҷик” ба неругоҳи “Сангтӯда-1” ба беш аз 331 млн доллар расид(тоҷ.) (28 октябри 2024). 10 Декабри 2024 санҷида шуд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Барқи Тоҷик / Н. Ёдгорӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- barqitojik.tj — вебгоҳи расмии ШСХК «Барқи Тоҷик»
- Саҳифаи расмии ШСХК «Барқи Тоҷик» дар шабакаи иҷтимоии Facebook