Шавкат Ниёзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шавқат Ниёзӣ)
Шавкат Ниёзӣ
Шавкат Муҳаммадович Ниёзӣ
Таърихи таваллуд: 19 декабр 1927(1927-12-19)
Зодгоҳ: Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт: 15 март 2021(2021-03-15) (93 сол)
Маҳалли даргузашт: Маскав
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: мунаққид, адабиётшинос

Шавкат Ниёзӣ (Шавкат Муҳаммадович Ниёзӣ; 19 декабри 1927, Самарканд — 15 марти 2021, Маскав, Русия) — мунаққид ва адабиётшиноси советии тоҷик. Корманди хидматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1976) ва Корманди хизматнишондодаи маданияти РСФСР (1978). Профессор, доктори ифтихории АИ театрӣ (1996) Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 1959).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шавкат Ниёзӣ (бародари Фотеҳ Ниёзӣ) 19 декабри соли 1927 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1948 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Муддате устоди ҳамин донишгоҳ будааст. Соли 1957 дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ СССР рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мушовири адабӣ ва котиби масъули адабиёти тоҷик дар Иттифоқи нависандагони шӯравӣ будааст. Дар Маскав кору зиндагӣ мекунад.

Солҳои тӯлонӣ дар Институти давлатии санъати театрӣ (ГИТИС)-и ба номи Луначарский ва Донишкадаи адабиёти ба номи М. Горкий дарс гуфтааст. Феълан мушовири Кумитаи иҷроияи Созмони байналмиллалии Иттиҳодияҳои нависандагони ИДМ мебошад.

Пажӯҳишу эҷод[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба таҳқиқ ва омӯзиши раванди инкишофи адабиёти халқҳои шӯравӣ, махсусан, адабиёти муосири тоҷик машғул аст. Аввалин мақолаи ӯ соли 1948 чоп шудааст. Дар бораи ҳаёту эҷодиёти Устод Рӯдакӣ, Ниёзӣ, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, А. Шукӯҳӣ, Ф. Муҳаммадиев, ҳамчунин А. Пушкин, А. Фадеев ва дигарон асарҳои пурарзиш эҷод кардааст. Яке аз муаллифони «Таърихи адабиёти сермиллати халқҳои шӯравӣ» (1974) мебошад.

Осори М. Горкий «Вася Железнова», А. Доде «Зани арлезианӣ», Сервантес «Ғори Сулаймон», Ч. Ҳейерманс "Ҳалокати «Умед», А. Чехов «Тӯйи зангирӣ», Л. Раҳманов «Пионери ноором», В. Собко «Барои ҷабҳаи дувум», романҳои А. Стил «Зарбаи аввал», Б. Сайтоқов «Бародарон», Б. Карбобоев «Зодаи мӯъҷизаҳо» (ҳамроҳи Р. Ҳошим ва Ш. Шараф), Қ. Қулиев «Корвони сиёҳ», ҳикояҳои алоҳидаи Р. Такур, В. Ҳюго ва А. Чеховро ба тоҷикӣ гардондааст.

Асарҳои Р. Такур «Шаби видоъ», «Гулчанбари муҳаббат» ва Ф. Ниёзӣ «Духтари сеюм»-ро барои театр ва радиову телевизион саҳнавӣ кардааст.

Мураттиб ва ношири баёзҳои «Мушоира» (ҳамроҳи Р. Ҳошим; Маскав, 1967), «Садои дӯстон» (Маскав, 1973), «Дар домани кӯҳҳои кабуд» (Маскав, 1979, 1985), «Лолачинӣ» (Маскав, 1982) ва ғ. мебошад, ки ба забонҳои русӣ, инглисӣ, арабӣ, урду чоп шудаанд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо бисёр нишону ифтихорномаҳо, аз ҷумла, нишони «Дружба» (1997, Русия) сарфароз гардонида шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ). — Душанбе : «Адиб», 2014, — 320 саҳ. — С. 165. — ISBN 978-99947-2-379-9