Шакароб
Шакароб | |
|---|---|
| Дохили ошхонаҳои миллӣ | |
| Ошхонаи тоҷикӣ | |
| Кишвари асл | |
| Таркибот | |
| Асосӣ | фатир, помидор, бодиринг, кабудӣ, пиёз, намак |
| Маъмул | рағани зағир, қаламфур ё мурч |
| Таомҳои монанд | |
| қурутоб | |
Шакароб — хӯроки миллии тоҷикӣ, ки дар натиҷаи омезиш додани нон, помидор, бодиринг, анвои сабзиҷот омода мешавад[1].
Тарзи омодакунӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Шакароб чанд навъ дорад. Барои омода кардани шакароб аввал нони гарми равғании қат-қат, фатир ё нони дигарро пора-пора карда, ба табақи чӯбин мегузоранд. Баъд як коса чаккаро (на қурутро) об карда аз болои он мерезанд. Гоҳе ба ивази чакка аз оби ширгарм намакоб таҳия намуда мерезанд. Баъд пиёз, помидор, бодиринг, кашнич, шибит, қаламфур ва монанди инро реза карда, ба болои нон мегузоранд. Масолеҳи шакароб вобаста ба фаслҳои сол ва шароит таҳия мешавад. Дар зимистон ба рӯи шакароб равғани зағир ё маскаро гарм карда мерезанд, то хунукию гармиаш муътадил шавад. Сипас ҳама дастҳоро шуста бо ҳам мехӯранд.
Барои як фатир 4-5 қошуқ равғани доғ ё як пиёлаи хурд чакка, 1 бандча кабудӣ, 4 дона помидор, 2 дона қаламфур, мувофиқи табъ мурчу намак лозим аст.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Шакароб чист? Маънои вожаи шакароб(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 28 феврали 2018 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шакароб / Р. Раҳмонӣ // А — М. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2015—2016, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-79-8.
- Айнӣ С. Куллиёт. Ҷ.12. Д., 1976