Шамсуддини Дарвозӣ
Шамсуддини Дарвозӣ |
|---|
Шамсуддини Дарвозӣ (қарни XIX — қарни XX) — шоири тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ барои такмили дониш ба Бухоро рафта, пас аз хатми мадрасаи Бухоро ба зодгоҳаш Дарвоз баргаштааст. Бино ба маълумоти Муҳтарам («Тазкирату-ш-шуаро») ва Афзалмахдуми Пирмастӣ («Афзалу-т-тазкор фи зикри-ш-шуаро ва-л-ашъор») Шамсуддини Дарвозӣ аз шоирони намоёни замонаш будааст. Девони ашъори шоир дастрас нест, вале ашъори парокандааш дар тазкираву баёзҳо дучор мешаванд. Як мухаммаси у дар баёзи шоирони Дарвоз, ки мураттибаш Йулдошбии Доии Бухорӣ буда, зери рақами 819 дар Ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон маҳфуз аст ва чанд ғазалаш дар девони Муҳиддини Қаротегинӣ оварда шудааст. Ин матлаи ғазал намунае аз ашъори уст:
Маро, ки бастаам аз кӯи дӯст марҳилае.
Бувад зи бахтаму аз кас набошадам гилае.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шамсуддини Дарвозӣ / А. Ҳабибов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).