Шарафуддини Тӯсӣ
Шарафуддини Тӯсӣ | |
|---|---|
| ар. شرف الدين المظفر بن محمد الطوسي форсӣ: شرفالدین مظفر بن محمد بن مظفر توسی | |
| Таърихи таваллуд | тақрибан 1135[1] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 1213[1] |
| Маҳалли даргузашт |
|
| Шогирдон | Камолуддин ибни Юнус[d][2] |
Шарафуддин Музаффар ибни Муҳаммади Тусӣ (форсӣ: شرفالدین مظفر بن محمد بن مظفر توسی; тақрибан 1135[1], Тус, Хилофати Аббосиён[1] — 1213[1], тахм. Бағдод, Хилофати Аббосиён) — риёзидон ва ахтаршиноси форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз мардуми Тӯси Хуросон буд, вале ба Мавасил, Бағдод ва Димашқ сафар кард ва дар ин шаҳрҳо ба тадрис пардохт. Яке аз муҳимтарин шогирдони ӯ Камолуддин ибни Юнус будааст. Муҳимтарин асари риёзии шинохташудаи Тӯcӣ, «Фӣ-л-муъодилот» ё ҳамон «Ҷабр ва муқобилаи Шарафуддин» аст. Ӯ дар ин китоб ба ҷавобҳои ададии бисту панҷ муодила то дараҷаи севум пардохтааст. Рисолаи «Фӣ-л-устурлоби-л-хаттӣ» асари нуҷумии ӯ дар заминаи сохти абзорҳои ахтаршиносӣ аст. Устурлоби хаттӣ, қитъаи чӯби мудрриҷ ва ба шакли асо будааст ва ба ҳамин муносибат онро «Асои Тӯcӣ» низ номидаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.