Шарипов Файзулло

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Файзулло Шарипов
Таърихи таваллуд: 18 август 1940(1940-08-18)
Зодгоҳ: ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Тахрихи даргузашт: номаълум
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: педагогика
Ҷойҳои кор: Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ: профессор
Алма-матер: Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо: «Корманди шоистаи Тоҷикистон»

Файзулло Шарипов (тав. 18.08.1940, ноҳияи Ленин), педагоги тоҷик, доктори илмҳои педагогӣ (1998), профессор (2000). «Корманди шоистаи Тоҷикистон»

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1958– 1965 муаллими мактаби миёнаи № 81 ноҳияи Ленин, 1965–1967 методисти кабинети таълимии Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон, 1967–1973 муовини директори кабинети методии ҷумҳуриявӣ, 1973–1976 аспирант, 1976–1984 ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1984–1987 котиби дуюми сафорати ИҶШС дар Афғонистон, 1987–2000 дотсент, профессори кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Аз соли 2002 то ба имрӯз дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолият дорад. Бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз шудааст.

Осор[вироиш]

  • Омӯхтани лексия дар синфи 2-юм, Д., 1982;
  • Забони тоҷикӣ (Китоби дарсӣ барои синфи 4), Д., 1989;
  • Дарсҳои забони модарӣ дар синфи 4 (Дастур барои муаллимон), Д., 1990;
  • Забони тоҷикӣ (Китоби дарсӣ барои синфи 4), Д., 1992;
  • Забони модарӣ (Китоби дарсӣ барои синфи 4), Д., 1994;
  • Назария ва амалияи таълими ҳамгиро дар марҳилаи ибтидоии мактаби миёна, Д., 1995;
  • Забони модарӣ (Китоби дарсӣ барои синфи 4), Д., 1997;
  • Таълими ҳамгиро: проблема, таҳқиқ ва андешаҳо. Ҷ. 1., Д., 1999;
  • Таълими ҳамгиро: проблема, таҳқиқ ва андешаҳо. Ҷ. 2., Д., 2000.
  • Одобнома, Д., 2000.

Пайвандҳо[вироиш]

Эйнштейн Ин мақолаи нопурра дар бораи олим мебошад.
Шумо метавонед бо пурра кардани ин ба Википедия кумак кунед.