Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода
Санаи таваллуд:

6 октябр 1973(1973-10-06) (46 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Ҳамадонӣ, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон Тоҷикистон

Ҳизб:

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V [1]

Зиндагинома[вироиш]

Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода 6 октябри соли 1973 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик.

Кор ва фаъолияти собиқа:

  • Солҳои 1990 — 1995: донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи филологияи тоҷик.
  • Солҳои 1995 — 1996: муҳаққиқ – коромузи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
  • Солҳои 1996 — 1999: аспиранти шуъбаи рузонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
  • Солҳои 1999 — 2001: мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ.
  • Солҳои 2001 — 2002: сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ.
  • Солҳои 2002 — 2003: мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ.
  • Солҳои 2003 — 2003: муовини сардори Идораи кор бо ҷавонони вилояти Хатлон.
  • Солҳои 2003 — 2006: сардори Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Хатлон, раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
  • Солҳои 2006 — 2013: сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
  • Солҳои 2011 — 2014: донишҷуи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи молияву иқтисод.
  • Аз соли 2013 мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
  • Аз соли 2013: муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон.[2]

Забонҳои русӣ озодона ва англисӣ (бо истифода аз луғат) медонад.

  • Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон (2010 — 2015).
  • Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) сарфароз гардонида шудааст.

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. вакилони Маҷлиси намояндагон
  2. Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода