Шариф Аҳмадов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шариф Аҳмадов
Шариф Аҳмадҷонович Аҳмадов
Санаи таваллуд:

14 август 1932(1932-08-14)

Зодгоҳ:

Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон СССР

Санаи марг:

номаълум

Фазои илмӣ:

Таърих

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои таърих

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

ДДОЛ ба номи С.М.Киров

Ҷоизаҳо:

Аълочии маорифи ҶШС Тоҷикистон (1967), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998),

Шариф Аҳмадҷонович Аҳмадов (14.08.1930, ш.Хуҷанд - номаълум) — олим, доктори илмҳои таърих (1985), профессор (1990). Корманди шоистаи ҶТ (1998), Аълочии маорифи ҶШС Тоҷикистон (1967).[1]

Зиндагинома[вироиш]

Факултаи таърихи ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1953). Омузгори таърихи мактаби миёнаи ш.Хуҷанд (1953-56), сарлаборант, ассистенти кафедраи педагогикаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1956-57), аспиранти Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1957-60), сармуаллими кафедраи таърихи ИҶШС (1961-63), дотсенти хамин кафедра (1964-77), декани факултаи таъриху филология (1966-67), мудири кафедраи таърихи умуми (1977-87), профессори кафедраи таърихи Тоҷикистон ва услуби таълими таърих (1987-89), профессори кафедраи таърихи нав ва навтарин (1989-95), профессори кафедраи таърихи умуми (1995-98), мудири кафедраи таърихи умуми (1999-2004), мушовири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (аз с.2004). Соли 1960 Таҳти рохбарии академики АИ ҶШС Узбекистон, профессор И.К. Додонов, ки он замон мудири кафедраи таърихи ИҶШС дар Донишкадаи таъриху бойгонии ш.Маскав буд, дар мавзӯи таърихи саноат ва синфи коргари Тоҷикистон рисолаи номзади ҳимоя кардааст. Муаллифи бештар аз 10 монография, 200 мақолаи илмӣ, илмӣи оммави оид ба таърихи саноат, таърихи инкишофи мусобикаи сотсиалисти ва фаъолнокии мехнатии синфи коргар дар давраи сохтмони сотсиализм дар Тоҷикистон. Иштироккунандаи конфронсу хамоишхои байналхалқи, умумииттифоки, ҷумҳурияви ва минтакави. Борҳо дар шаҳрҳои марказии собиқ ИҶШС (Маскав, 1972, 1975; Калинин, 1979; Каменетс-Подолск, 1987) курси такмили ихтисосро гузаштааст. Дорандаи чоизаи ба номи академик Б. Ғафуров (2001). Бо ифтихорномахои Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, КМ ХК Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Осор[вироиш]

  • Из истории социалистического соревнования в промышленности Таджикистана (1939-1958). -Д., 1975;
  • Социалистическое соревнование в промышленности Таджикистана (1917-1937). –Д., 1983;
  • Краткая история Ленинабадского-Худжандского шёлкокомбината (1930-1960). –Д., 1992;
  • Сахифахо аз таърихи комбинати абрешими шахри Ленинобод (1930-1992). –Ленинобод, 1992;
  • Краткая история Худжандского консервного комбината. –Худжанд, 1998;
  • Из истории Худжандского стекольного завода. –Худжанд, 2000;
  • Аз таърихи ташкил ва фаъолияти чамъияти сахомии «Лаъл». –Хуҷанд, 2000;
  • 500 саволу чавоб аз таърихи дунёи кадим. –Хуҷанд, 2003;
  • 1000 саволу чавоб аз таърихи асрхои миёна. –Хуҷанд, 2004;
  • 1000 саволу чавоб аз таърихи нави мамлакатхои Европа ва Америка. –Хуҷанд, 2007.[2]

Сарчашма[вироиш]

  1. [1]
  2. http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html

Пайвандхои беруна[вироиш]