Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Шарофат Ёрова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шарофат Ёрова
Таърихи таваллуд 2 октябри 1938(1938-10-02)
Зодгоҳ Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 30 июни 2025(2025-06-30) (86 сол)
Маҳалли даргузашт Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Касб ҳунарпешаи театр
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Шарофат Ёрова (2 октябри 193830 июни 2025) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шарофат Ёрова 2 октябри соли 1938 ба дунё омадааст. Фаъолияти эҷодии худро дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ оғоз карда, дар давоми беш аз ним аср дар даҳҳо намоишномаҳои классикӣ ва муосир нақшҳои хотирмон офаридааст.

Фаъолияти эҷодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ беш аз 50 сол дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳунарнамоӣ карда, дар намоишномаҳои зиёде, мисли “Исёни арӯсон”, “Келини ғилдирак” ва “Панҷ зани Афандӣ” нақш офаридааст.

Шарофат Ёрова 30 июни соли 2025 дар синни 87-солагӣ даргузашт[1].