Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Шарофат Усмонзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шарофат Усмонзода
Усмонзода Шарофат Музаффаровна
Таърихи таваллуд 25 феврали 1990(1990-02-25) (36 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Пеша(ҳо) овозхони опера, омӯзгор
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2026)
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2010)

Шарофат Усмонзода (зод. 25 феврали 1990, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — овозхони опера (меззо-сопрано) ва омӯзгори тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2026)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шарофат Усмонзода 25 феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Фаъолияти аввалини ҳунарии худро соли 2001 дар Фестивали байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон оғоз намудааст.

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторовро хатм кардааст. Дар давраи донишҷӯӣ ӯ се карат лауреати озмуни байнидонишгоҳии «Иҷрокунандаи беҳтарини сол» (2006, 2007, 2008) ва соҳиби дипломи фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол» (2007) гардидааст.

Соли 2008 дар доираи лоиҳаи «Равшанӣ» ҳамроҳ бо Оркестри Страсбург дар шаҳрҳои Страсбург, Гренобл ва Руани Фаронса сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст. Ҳамчунин лауреати Озмуни байналмилалии ба номи Н. Ахмедова (Ташканд, 2009) ва дипломанти Озмуни байналмилалии ба номи А. Иванов (Тверь, 2009) мебошад.

Фаъолияти ҳунарӣ ва омӯзгорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 2006 ҳамчун солисти пешбари Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият мекунад.

Дар канори фаъолияти саҳнавӣ ба кори омӯзгорӣ низ машғул аст. Аз соли 2013 мудири шуъбаи «Сурудхонии академикӣ»-и Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов мебошад. Аз соли 2017 ҳамчун омӯзгор дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов низ фаъолият дорад.

Нақшҳо ва партияҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Нигина («Рӯдакӣ», Ш. Сайфиддинов)
  • Кармен, Мерседес («Кармен», Ж. Бизе)
  • Флора («Травиата», Дж. Верди)
  • Бастьена («Бастьен ва Бастьена», В. А. Моцарт)
  • Коҳини бузург («Аида», Дж. Верди)
  • Инесс («Трубадур», Дж. Верди)
  • Серпина («Хизматгор-бону», Д. Б. Перголези)
  • Комде («Комде ва Мадан», З. Шаҳидӣ)
  • Лайлӣ («Қишлоқи тиллоӣ», Д. Дӯстмуҳаммадов)
  • Гулсара («Дугонаҳо», Д. Дӯстмуҳаммадов)
  • Холаи Ҷаҳон («Аршин мал алан», У. Ҳоҷибеков)