Шарофзода Гавҳар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шарофзода Гавҳар
Шарофзода Гавҳар
Таърихи таваллуд: 23 март 1966(1966-03-23) (54 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Панҷ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарофзода Гавҳаролим , вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш]

Шарофзода Гавҳар 23 марти соли 1966 дар ноҳияи Панҷ ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос: омўзгор, доктори илмҳои филологӣ, дотсент. Соли 2008 бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011 бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.


  • Солҳои 1985-1990 - Донишҷўи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 1983-1984 - Роҳбари кружоки ҳаваскорон, муаллимаи мактаби миёнаи №7 ноҳияи Панҷ
  • Солҳои 1984-1985 - Муаллимаи мактаби миёнаи №1 ноҳияи Панҷ
  • 07-10 соли 1990 - Лаборанти калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
  • Солҳои 1990-1993 - Ассистенти кафедраи забони тоҷикии байни факултетҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
  • Солҳои 1993-2001 - Мудири аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
  • Солҳои 2001-2002 - Муовини мудири шўъбаи таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
  • Солҳои 2002-2005 - Сарэксперти шўъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва литсензионии мактабҳои олӣ ва коллеҷҳои Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2005-2006 - Мудири шўъбаи забони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 02-05 соли 2006 - Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2006-2009 - Муовини ректор оид ба корҳои ташкилию тарбиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 2009-2010 - Мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2010-2013 - Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Аз декабри соли 2013 то с. 2020 - Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. Шарофзода Гавҳар(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд.