Шаҳбози Аброр
Зоҳир
Аброр Ҳабибулоҳ | |
Таърихи таваллуд: | 13 июн 1990 (35 сол) |
Зодгоҳ: | Леваканд , ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Таҳсилот: | Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон |
Ҳизб: | Ҳизби демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII |
Шаҳбози Аброр (тав. 13 июни соли 1990, шаҳри Левакант (собиқ Сарбанд), вилояти Хатлон – сиёсатмадор, рӯзноманигор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII.[1].[2].
Зиндагинома
Шаҳбози Аброр соли 2019 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, факултаи журналистикаро хатм намудааст. Ихтисос:рӯзноманигори ТВ ва радио;
- Аз 2.07.2007 то 3.12.2012 — муҳаррири Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрӣ ба номи А. Лоҳутӣ;
- Аз 1.09.2009 то 14.02.2012 — сармуҳаррири Идораи маҷаллаи «Меҳвар» ва рӯзномаи «Истиқлол»;
- Аз 14.02.2012 то 14.05.2012 — муовини сармуҳарири рӯзномаи «Муҳоҷир» - и Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Аз 14.05.2012 то 14.08.2012 — сармуҳарири рӯзномаи «Муҳоҷир» - и Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Аз 4.12.2012 то 15.11.2016 — сармуҳаррири Идораи маҷаллаи «Меҳвар» ва рӯзномаи «Истиқлол»;
- Аз 15.11.2016 то 15.03.2018 — мутахассиси шуъбаи иқтисоди Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият»;
- Аз 15.03.2018 то 15.02.2021 — мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисоди Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият»;
- Аз 15.02.2021 то 18.10.2021 — сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият»;
- Аз 18.10.2021 — донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултаи идоракунии давлатӣ, шуъбаи идоракунии давлатӣ, маълумоти дуюм;
- Аз октябри соли 2021 то 15 апрели соли 2024 — сардори шуъбаи филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатӣ ва ҳамзамон, котиби матбуотии МД «Тоҷикфилм»;
- Аз 15 апрели соли 2024 то марти соли 2025 — директори Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази дӯстӣ-Интернет кафе”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;Аз 11 майи соли 2024 то ҳол — раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон;
- Аз 2 марти соли 2025 то ҳол — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII.[3].
Эзоҳ
- ↑ Шаҳбози Аброр(тоҷ.). www.parlament.tj. 12 апрели 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ НОМ БА НОМ. Кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд?(тоҷ.). www.asiaplustj.info. 14 май 2025 санҷида шуд.
- ↑ Шаҳбози Аброр(тоҷ.). www.parlament.tj. 12 апрели 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)